Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дарси Тиҷорат: Корбурди кортҳои плостикӣ дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон дар моҳҳои наздик нахустин кортҳои плостикии тоҷикӣ бо номи «Тоҷкард» бароварда хоҳад шуд. Маьруф Эшов - ҷонишини мудири бахши иттилоот ва технологияи пардохтии «Агроинвестбонк» мегуяд, барориши кортҳои тоҷикӣ айни ҳол дар ҳоли коркард қарор дорад. Ва аммо нахустин кортҳои плостикӣ дар Тоҷикистон панҷ сол қабл пайдо шудаанд. Соли 1999 «Агроинвестбонк» нахустин шуда, ба мизоҷони худ истифода аз кортҳои плостикиро пешкаш намуда буд. Имруз беш аз 3 000 мизоҷи ин бонки тиҷоратӣ аз кортҳои плостикӣ истифода мебарад. Вале истифодаи кортҳои плостикӣ дар Тоҷикистон айни ҳол зиёд роиҷ нест ва ба гуфти коршиносон, сабаби ин қабл аз ҳама дар адами огаҳии мардум аз ин тарзи пардохт ва ҳамчунин майдони фарогири корбурд надоштани кортҳои плостикӣ дар Тоҷикистон аст.
Аммо дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон корти плостикӣ имруз аз маьмултарин тарзҳои пардохти ғайринақдӣ гардидааст. Бо корти плостикӣ шумо дар тарабхона таом мехуред, дар мағоза харид мекунед, дар меҳмонхона хоб меравед ва ё агар хоҳед, бо арзи дилхоҳ аз банкоматҳо пули нақд мегиред. Ҳангоми сафар ба давлатҳои дигар низ кисаҳоятонро пур аз доллар карда намераведу танҳо корти плостикиятонро ҳамроҳ мегиред, халос. Дар кадом кишваре, ки набошед, дар банкомат бо корти плостикӣ аз суратҳисоби худ маблағи дилхоҳатонро мегиред. Ё дар ҳамин банкоматҳо метавонед пули телефони мобайл, шабакаҳои пулакии телевизионӣ ва ё дигар маблағҳоро пардохт кунед. Вале дар банкоматҳои Душанбе дар ҳоли ҳозир пардохти маблағҳои танҳо ширкатҳои хориҷӣ имконпазир аст.
Маьруф Эшов, корманди «Агроинвестбонк» мисол меорад: "Масалан, шаҳрвандоне, ки дорандаи корти плостикӣ ҳастанду бо ширкати русии телевизионии НТВ шартнома доранд, маблағи шартномаашонро метавонанд аз шаҳр берун нарафта, бевосита аз банкоматҳои мо пардохт кунанд.»
Кортҳои плостикии байналмилалӣ, ки дар тамоми ҷаҳон мавриди истифода қарор мегиранд, "Мastercard", "Еurocard", "Visacard", "Sirusmaestro" ва ғайра мебошанд. Барои гирифтани ин кортҳо дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон танҳо шиноснома, пардохти ҳаққуззаҳма ба миқдори тақрибан 15 доллари амрикоӣ ва ҳудуди як ҳафта вақт лозим аст. Ва ин ҳама бидуни маҳдудияти маблағе, ки дар суратҳисоб гузошта мешавад. Аммо дар сурати гирифтани корти плостикии байналмилалӣ дар суратҳисобҳ ҳадди ақал бояд 50 доллар гузошта шавад.
Маьруф Эшов мегуяд, гирифтани корти пластикии оилавӣ махсусан барои тоҷиконе, ки дар Русия кор мекунанд, манфиат дорад: "Шаҳрванди мо дар он ҷо суратҳисоб мекушояд ва ба у 2-3 адад корти плостикӣ вобаста аз хоҳиши шаҳрванд дода мешавад. Яктои он корт ба номи худаш хоҳад буд, дигарияш ба номи фарзандаш ё ҳамсараш ё каси дигар. Шаҳрвандоне, ки дар Русия кор мекунанд, маблағҳояшонро ба суратҳисобашон мегузоранд ва хешовандони онҳо дар ин ҷо бо истифода аз корти плостикӣ он маблағҳоро мегиранд."
Ба гуфти ҷаноби Эшов, корти плостикии оилавӣ аз интиқоли маьмулии пул афзалтар аст, зеро бархе аз тоҷикони дар Русия буда маблағҳояшонро ба воситаи бонкҳое мефиристанд, ки алоқаи мустақим бо бонкҳои Тоҷикистон надоранд ва дар ин сурат наздикони у дар Тоҷикистон маблағашро дар муддати як ҳафта ва ё то даҳ руз дастрас мекунанд.
Ҳумоюни Шаҳриёр
XS
SM
MD
LG