Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон ва дину дунё


Дар шаҳри Душанбе як нишаст бо ширкати донишҷуёни донишгоҳҳои пойтахт таҳти номи "Ислом ва худшиносии миллӣ" доир шуд. Иштирокдорони ин нишаст, ки бо мусоидати сафорати Олмон баргузор шуд, дар мавриди нақши дин дар сохтмони давлати дунявӣ баҳс карданд.
Тино Кинанс, котиби сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон мегуяд, мақсад аз гузаронидани ин мизи мудаввар фаҳмидани афкори ҷавонон оид ба дин ва давлати дунявӣ буд: "Мо имруз ин мизи мудавварро анҷом додем,чунки мо мехостем бо донишҷуёни тоҷик дар бораи афкори динӣ ва давлати дунявӣ суҳбат кунем.Ва ман аз он гуфтугуе, ки доштем, хеле хушҳол шудам, чунки худи донишҷуён фаъолияти хуб нишон доданд. Аз ин ру ман фикр мекунам, ки мизи мудаввар як муваффақият буд. Мо интизори хоссае надоштем.Танҳо мехостем бо донишҷуён ошно шавем ва бифаҳмем, ки кадом чорчуби иҷтимоӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад."
Як тан аз аҳли нишаст ки аз гуфтани ному насабаш худдорӣ намуд, гуфт, имруз ҷавонони тоҷик нисбати дини ислом фаҳмиши хуб надоранд: "Камбудӣ дар он аст, ки теъдоди зиёди ҷавонон худи ислом, арзишҳои дини ислом, сиёсат ва чӣ будани демократияро намефаҳманд. Яъне онҳо саводи сиёсӣ надоранд."
Абдуллоҳи Раҳнамо, исломшиноси тоҷик мегуяд, солҳои ахир ҷавонон нисбати дин ҳар чӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва муҳим он аст, ки ин ҷавононро аз ҳар гуна гароиш ба равандҳои ифротии динӣ эҳтиёт кард.
Абдуллоҳи Раҳнамо афзуд: "Чун ҷавонон ояндаи миллатанд ва онҳо агар динро омухтанӣ бошанд, бояд меъёрҳои муътадил ва ақлонии динро омузанд, то ки ба шахсиятҳои муътадил ва инсондуст табдил шаванд. Яъне ҷанбаҳои инсонӣ ва созандаи динро бояд ба ҷавонон руҳониён пешниҳод кунанд ва онҳоро аз ҷанбаҳои тунди дин эҳтиёт кунанд. Фикр мекунам, агар дар ҳамин самт шавқи ҷавонон бештар шавад, хуб аст. Агар ба гароишҳои тунду ифротӣ майл бигиранд, ин оқибати хубе нахоҳад дошт."
Оқои Раҳнамо ҳамчунин гуфт, агар барномаи таълими ислом ва омузиши таърхи динҳо дуруст ба роҳ монда шавад ва чомеа аз қавонини шаръӣ ва мазҳабӣ ошноии комил пайдо кунад, ҳаракатҳои тундрав ва таблиғоти хориҷӣ дар ин замина камтар метавонад таъсир дошта бошад.
Абдуллоҳи Раҳнамо: "Бояд барномаҳои таълимии ин мадрасаҳо беҳтар карда шаванд.Дар он дарсҳое гузаронида шавад, ки ба ҷавонон баробари ҳисси динӣ ҳисси миллиро ҳам дода тавонад ва як хатмкунандаи мадраса тавонад, ки ҳам дар самти манфиатҳои миллӣ қадам занад, ҳам ҷавононро аз ҳар гуна паҳншавии равияҳои барои исломи Тоҷикистон бегона, аз равияҳои тундрав эҳтиёт кардан тавонад. Яъне дар муқобили ҳама гуна тундравӣ ва таблиғотҳое, ки аз берун меоянд , ҷавоб гуфта тавонад."
Суҳайлӣ Қодиров, донишҷуи соли панҷуми бахши сиёсатшиносии Донишгохи Миллии Тоҷикистон дар ин робита чунин назар дорад:
"Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.
Ин мисраъ хеле ҳам бамаврид гуфта шудааст.Бояд худи шахс новобаста аз падару модар ва аз шахсиятҳои руҳониву динӣ ҳамчун шахси озод ба омузиши ин ё он дин даст занад. Ва он динро умқашро омузад, ҷавҳарашро омузад, то дар оянда ҳар он чизе, ки мекунад, гуяд, ин хатои ман аст, на хатои гузаштагонам."
XS
SM
MD
LG