Пайвандҳои дастрасӣ

Мактаб ҳам ба бою камбағал ҷудо шудааст


Зарангези Наврузшоҳ

Як устоди мактаби ҳамагонӣ мегуяд, ки дар бештари мактабҳо шогирдон аз руи шароити зиндагӣ ва дороии волидайни худ ба гуруҳҳои мухолиф тақсим шудаанд. У мегуяд, барои мисол 3 - 4 шогирде, ки аз хонаводаи сарватманд ҳастанд, барои худ гуруҳи алоҳида ташкил медиҳанд ва фарзандони хонаводаҳои камбизоат ва миёнаҳолро дар муқобили худ қарор медиҳанд. Баъдан дар миёни ин гуруҳҳо таънаву маломати якдигар ва рашку ҳасад оғоз мегардад, то ҷое, ки гоҳо ба ҷанҷоли миёни онҳо оварда мерасонад. Гулсара Худойназарова, муаллимаи як мактаби шаҳри Душанбе: "Ин хонандагон худашонро нисбати он хонандагоне, ки шароити хубтар до-ранд, каме ноҳинчор ҳисс мекунанд.Баьзан вақт нисбати онҳо рашк пайдо мекунанд, гарчанде ки инро нишон надиҳанд, лекин дар дилашон ҳаст."
Муаллимони таҷрибадори мактаб ва равоншиносон мегуянд, ки ин тарзи тафаккур дар миёни насли наврас ва ҷавони кишвари мо ба назар мерасад , ки заминаҳои гуногун дорад. Яке ин аст, ки сатҳи таълиму тарбия паст шудааст ва ба ин асос муаллимон наметавонанд пеши роҳи чунин рафторро дар миёни шогирдон бигиранд. Аз тарафи дигар бештари падару модарони сарватманд барои фарзандони мактабхони худ шароите месозанд, ки барои як шогирди мактаб зиёд лозим нест. Табиист, ки ин гуна карру фарри талабаҳои мактабхон рашку ҳасад ва мухолифати ҳамсинфонро ба вуҷуд меорад, ҳамчунин дар чунин ҳолатҳо фарзандони хонаводаҳои камбизоат гоҳо мушкилоти ҷиддие барои падару модари худ эҷод мекунанд ва аз миёни онҳо касоне даст ба ҷиноят ҳам мезананд.
Ганҷина, хонандаи мактаби рақами 51-уми шаҳри Душанбе дар бораи вуҷуди падидаҳои номатлуб дар миёни ҳамсинфонаш мегуяд: "3 - 4 талабаи мо бойанд - Меҳрубон, Манижа ва Таҳмина. Меҳрубон духтари ҳавобаланд аст, ҳангоми бозӣ ҳам ҳамеша бо як ҳамсинфамон, ки камбағал аст, ҷанг мекунад ва мегуяд, ки ту ҳамроҳи мо бозӣ накун, ту камбағалӣ. Боз ҳамеша ба мо мегуяд, ки барои чӣ ин хел либосҳо мепушед, магар мисли ман гушвори тилло, чалаҳои тилло надоред? Ба тарафи ман ҳам як руз бо ин суханонаш ру овард ва ман гуфтам, ки дорӣ, барои худат дорӣ .Ман уро хеле бад мебинам, мебинам,ки у ба берун мебарояд, намехоҳам,ки наздаш равам,вале як хел духтарҳои мо «подхалимӣ» карда мераванд, ҳамроҳаш бозӣ мекунанд."
Тавре аз суҳбати Ганҷина эҳсос мешавад, худи у ҳам дар нисбати ҳамсинфаш, ки аз хонаводаи сарватманд аст, рашку ҳасад ва бадбинӣ дорад.
Равоншиносон мегуянд, дар миёни наврасони синну соли аз 10 то 15- сола хусусияти махсуси худхоҳӣ ва эътимод ба худ хеле боло меравад ва бачаҳое, ки имконоти бештари ҷисмониву молӣ доранд, касони аз худ камтарро ҳақир медонанд ва онҳоро дар бештари маврид таҳқир мекунанд. Дар муқобили ин гуруҳ гуруҳи дигар аз як тараф ба онҳо рашку ҳасад мебаранд ва аз тарафи дигар эҳсоси нотавонӣ карда, гоҳе даст ба аъмоли ғайримашруъ ва ҳатто ба ҷиноят мебаранд.
Суҳбати як равоншинос: "Вақте мо дар бораи рашк гап мезанем, ин як ҳолати руҳии инсон аст. Ҳолате ки тобиши эҳсосотӣ, тобиши ҳаяҷониро дорад ва вақте ки шахс ба ин ҳолат гирифтор мешавад, то андозае назорат аз болои рафтори худро гум мекунад. Ва ин ба он бурда мерасонад, ки рафторҳои бетартибонаро низ иҷро кунанд, яьне кас метавонад даст ба ҷиноят ҳам занад, чунки ҳолати руҳӣ ин як ҳиссиёти бевосита ва ниҳоят муайянеро дар бар мегирад."
Гулсара Худойназарова ҳодисаеро, ки бар асоси ҳамин гуна рафтор сурат гирифтааст, ҳикоят мекунад: "Миёни хонандагони синфи 6 баҳс мешавад ва ба як нафар хонанда мегуянд, ки ту камбағалӣ, ҳамроҳи мо нашин, мо намехоҳем, ки бо ту шинем, ва духтарак ба хонаашон рафта ба модараш мегуяд, ки барои чӣ маро таввалуд кардӣ, ман наметавонам, ки баробари дигарон либос пушам ва ё ҳар он чизе ки ман мехоҳам дастрас карда наметавонам? Масалан унҳо баьд аз дарсҳо дар курсҳои пулакӣ ба монанди курси "Садр" мехонанд, вале ман ин имконро надорам. Модар мегуяд, надошта бошам, чӣ кор кунам? Наметавонам ман барои ту чизи дилхоҳатро муҳайё созам. Духтарак ҳам дар сари қаҳру алам мегуяд, наметонӣ, пас ман меравам, худамро месузонам. Модар ба ин он қадар аҳамият намедиҳаду мегуяд, рав, рав худатро оташ зан. Вай фикр намекунад, ки ин ба духтарак таьсир мерасонад. Як дам пас садои доду фиғон мерасад ва модар мебинад, ки духтараш алакай уксус хурдааст."
Ба гуфтаи ин омузгор, аксаран дар мактабҳо чунин ҳодисаҳои баҳсу ҷангҳо миёни хонандагон ва дигар мавридҳоиу ҷинояткории ноболиғон маҳз аз руи дороиву нодорӣ ва рашку ҳасад ба ҳамдигар сурат мегирад.
Бештарини муаллимин ва равоншиносон бар ин назаранд, ки барои рафьи ин мушкил дар мактабҳо либоси ягонаи мактабӣ ва шароити баробар барои ҳамаи хонандагонро бояд ҷорӣ кард. Агарчӣ вазорати маорифи Тоҷикистон фармоне дар бораи либоси ягонаи мактабӣ пушидани шогирдон баровардааст, вале ин талабот ба сурати лозим иҷро намешавад. Боз ҳам ба далели фақру нодорӣ: Як гуруҳ аз пушидани чунин либоси ягона ор мекунанд, гуруҳи дигар ҳатто барои хариданаш пул надорад.
Зарангези Наврузшоҳ
XS
SM
MD
LG