Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифати аҳзоб бо тарҳи давлатии Қонуни интихобот


Намояндагони аҳзоби сиёсии мухолифи ҳукуматиТоҷикистон тарҳи пешниҳодии Қонуни интихобот аз суи фраксияи ҳизби ҳокими халқиву демократии Тоҷикистонро як санади мухолиф ба Қонуни Асосии кишвар ва бо меьёрҳои байналмилалӣ ва арзишхои демократӣ унвон мекунанд.
Масьулини аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо ишора ба моддаи сивудуюми ин тарҳ, ки наҳваи ширкати номзадҳои мустақил ва аҳзоби сиёсии мухолифро дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон мушкил ва мураккаб кардааст, мегуянд , фраксияи ҳизби халқиву демократӣ мехоҳад бо вуруди ин тағйирот дар Қонуни интихобот аз ҳузури аҳзоби мухолиф ва вакилони мустақил дар парлумон ҷилавгирӣ кунад.
Дар моддаи 32 тарҳи мазкур, ки «Пардохти пулии интихоботӣ» ном дорад, аз номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон гаравпулӣ ба маблағи мусовӣ ба 1 500 ҳадди ақали маош, яьне 10 500 сомонӣ ва аз аҳзоби сиёсӣ ба миқдори 33 000 музди меҳнати ҳадди ақал, ки ба 231 000 сомонӣ баробар аст, талаб карда мешавад. Ва ин ҳам бояд аз ҳисоби маблағи шахсии номзад бошад, ки дар эьломияи оидоти вай зикр шудааст.
Амнияти Абдулназар, муовини раиси ҳизби сусиёл-демократи Тоҷикистон муьтақид аст, ки ин як навъи фишороварӣ ва эҷоди маҳдудиятҳои молӣ ба аҳзоби сиёсии мухолиф аст. Оқои Абдуназар мегуяд, вақте худи президент Раҳмонов дар паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ аз 90 дар сади аҳолӣ ба унвони қишри фақири ҷомиа ном бурд, пас кӣ метавонад 10 500 сомонӣ барои интихобот бидиҳад?
У афзуд: "Ин руирост поймол кардани ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар интихобот аст. Ҳизби халқиву демократӣ мегуяд, дар бисёр кишварҳои хориҷӣ низ ҳамин тавр аст. Дар он ҷо он ҳаққе ки месупоранд, он ба хотири садди роҳ шудан ба интихобкунандагон нест, он ба хотири қайд аст. Дар он ҷойҳо даҳ фоиз аз маошашонро медиҳанд, лекин дар Тоҷикистон ин баръакс шудааст. Дар ин ҷо ин аниқ аст, ба кулл он ҳизбе, ки дар сари қудрат ҳаст, боз мегуем, ки тамоми захираҳо дар дасташ ҳаст ва одамҳоеро, ки наздикашон ҳаст, дар парлумон ҷобаҷо кунанд.»
Аз тарафи дигар, меафзояд Амнияти Абдуназар, дар ҳоле ки маоши кормандони буҷа на бештар аз 120 сомонӣ аст, пас уро зарур аст, ки барои номзад шудан дар ҳолати пасандозии нисфи ин маош ҳадди ақал 20 сол сарф кунад.
Раҳматулло Валиев, узви садорати ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, дар соли 2002 Маҷлиси Намояндагон Конвенсияи байналмилалии меьёрҳои интихоботро ба тасвиб расонд ва бар асоси ин конвенсия ҳукумат дар амри таҳия ва қабули қавонини мутобиқ ба меьёрҳои байналмилалӣ масьул мебошад. Аммо афзуд оқои Валиев, ҳадафи фраксияи ҳизби ҳокими халқиву демократӣ, ки ҳоло аксарияти кулли курсиҳои парлумонро дар ихтиёр дорад, ҳифзи курсиҳо дар парлумони оянда мебошад: "Барои Тоҷикистон, ки маоши ҳадди ақал 7 сомонӣ аст, ин чиз аз ақл берун аст.Он чизе ки ҳизби халқиву демократӣ дар лоиҳа пешниҳод кардааст, ҳуқуқи интихоб шудани аксарияти мардум - 95 дарсади мардуми Тоҷикистонро поймол мекунад. Ва ин дар ягон чаҳорчубаи қонун рост намеояд. Ин он маъноро дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон, парлумони Тоҷикистон мехоҳад, ки дар парлумони Тоҷикистон фақат як ҳизби ҳокими халқиву демократӣ бошад.»
Оқои Валиев ҳамчунин гуфт, ҳизби демократи Тоҷикистон танҳо ба хотири қабули он тарҳи қонуни интихобот, ки аз тарафи фраксияи ҳизби коммунист ва намояндаи ҳизби наҳзати ислом омода шуда ва дар ҳоли ҳозир мавриди баррасии парлумон қарор дорад, аз узвият дар эьтилофи аҳзоби мухолиф худдорӣ кардааст. Оқои Валиев афзуд, агар вакилони фраксияи ҳизби ҳоким як чунин тарҳи мувофиқ ба манофеъи танҳо як гуруҳро қабул кунанд, дар ин сурат ҳама заҳамоти созмонхои байналмилалӣ ҷиҳати мутобиқсозии қавонини Тоҷикистон бо меьёрҳои байналмилалӣ ба сифр баробар хоҳад шуд ва чунин тарзи муносибат бо ин созмонхо, ки Тоҷикистон узвияти онҳоро пазируфтааст, паёмадҳои ногувореро ба думбол хоҳад дошт .
Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, узви раёсати ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мегуяд, пешниҳоди пардохти гаравпулӣ дар тарҳи қонуни интихобот аз тарафи ҳизби ҳоким ба манзури аз маьракаҳои сарнавиштсози кишвар дур андохтани нируҳои дигари сиёсии кишвар сурат гирифтааст. Зеро меафзояд оқои Сайфуллозода, ҳоло дар суратҳисоби ҳеҷ яке аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ба ҷуз аз ҳизби ҳоким, чунин миқдори бузурги маблағ мавҷуд нест: " Ба гумони ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ин пешниҳод хеле бемантиқ аст.Ва инро мо танҳо ба як хотир медонем, яьне воқеан ҳизби халқиву демократии Тоҷикистон намехоҳад, ки дар интихоботхои оянда ҳизбҳои дигар номзадии худро бигузоранд. Ин тарҳе, ки пешниҳод шудааст, агар қабул шавад дар қонуни интихобот, ғайри афроде, ки ба коррупсия машғул ҳастанд ва ё ин ки наркобаронҳое, ки метавонад маблағҳои калон тавассути ин кор ба даст оваранд, ғайри ҳамин ду категория дигарҳо наметавонанд дар интихобот озодона ширкат намоянд."
Аз Зебо Тоҷибоева, хабарнигори ожонсии "Азия Плюс", ки дар чандин гузоришаш масьалаи қабули тарҳи қонуни интихоботро баррасӣ кардааст, мепурсам, оё пешниҳоди гаравпулии омада дар лоиҳаи фраксияи ҳизби ҳокимро парлумон хохад пазируфт ё хайр ? Вай гуфт: "Ман фикр мекунам, ин пешниҳод қабул нахоҳад шуд. Зеро он дур аз воқеият аст ва онро ҳамагӣ 8 узви фраксияи ҳизби халқиву демократӣ имзо кардаанд ва ба зери он ҳатто раиси ин фраксия Ҷумьабой Сангинов имзо нагузоштааст."
Ба ҳамин тартиб, ба назари намояндагони аҳзоби сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, тарҳи пешниҳодии Қонуни интихобот аз тарафи фраксияи ҳизби халқиву демократии Тоҷикистон асосҳо ва усулу меьёрҳои баргузории интихоботи озод ва шаффофро коҳиш ва таҳриф кардааст. Ва ба эътиқоди намояндагони аҳзоби сиёсӣ, тарҳи мазкур ба қонунгузории кишвар дар бораи интихобот меьёр ва нишонаҳоеро ворид хоҳад кард, ки дар натиҷа усул ва арзишҳои демократӣ, махсусан усули озодӣ, умумихалқӣ ва алтернативӣ будани интихоботро метавонад аз байн бубарад.
Абдуқайюми Қайюмзод
XS
SM
MD
LG