Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари боздошти Саодат Қодирова баъди як моҳ тасдиқ шуд


Файзулло Абдуллоев, сардори идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран дар ҷамъи хабарнигорон аз ҷониби кормандони умури дохила бозҷуӣ шудани манзили Саодат Қодирова, як тан аз сокинони пойтахтро, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут-Таҳрир айбдор дониста мешавад, тасдиқ намуд.
У афзуд: "Ҳангоми бозҷуӣ аз манзили Саодат Қодирова теьдоде китобу варақаҳо пайдо карда шуданд, ки мазмуни зидди сиёсати давлат доштанд".
Оқои Абдуллоев афзуд, ахиран аз ҷониби маркази Созмони Амният ва Ҳамкори Аврупо як нома бо хоҳиши рушанӣ андохтан ба сарнавишти Саодат Кодирова ба вазорат расидааст.
Ба қавли намояндаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон масьулини вазорат бахшхои марбутаро муваззаф кардаанд, ки ба зудтарин фурсат ин масьаларо биёмузанд. Аммо вазорати умури дохила дар мавриди ин ки Саодат Қодирова дар боздоштгохи умури дохилаи кадом ноҳияи пойтахт нигох дошта мешавад, хабар надод.
Вале модари Саодат, Саиданиссо Қодирова мегуяд, дар аввалҳои моҳи апрели соли равон як гуруҳи кормандони милиса шабона ба манзили Саодат омада, уро бурдаанд ва то кунун вай дар боздоштгохи вазорати умури дохила ба сар мебарад.
Саодат Қодирова дар авоили моҳи март ба унвони раиси ҷумҳур Эмомалқ Раҳмонов ва вазири адлияи Тоҷикистон Халифабобо Ҳомидов номаи саркушоде навишта, аз онҳо тақозои раҳоии шавҳару бародарашро карда буд, ки дар зиндонхои ҳукуматӣ бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут-Таҳрир ба сар мебаранд.
Саиданиссо Қодирова, модари Саодат мегуяд: "Ман аслан намедонам, барои чӣ духтари маро ҳабс кардаанд.То ҳоло руи духтарамро надидаам, дар хонааш дар назди фарзандонаш нест. Ҳамин қадар медонам, ки ду зан шаб ба хонааш омада, аз у хоҳиш кардаанд, ки аз Ислом таьлимашон диҳад. Ва дафьатан писари 10- солаи Саодат, ки ҳамроҳи у дастгир ва у баъди ду руз озод шуд, хабари боздошти модарашро ба мо расонид .Мо имрузҳо барои Саодат ба боздоштгохи пешакии вазорати умури дохила хурданӣ мебарем."
Ба қавли модари Саодат Қодирова, аслан кормандони милиса бидуни дастури додситонӣ ба манзилаш омада ва аз пеши худ вайро ба боздоштгоҳ бурдаанд.
Саиданиссо Қодирова, модари Саодат меафзояд, баьд аз он ки аз ҷониби президент ва вазорати адлия ба номаи Саодат посухе нарасид, у дар пай дар як номае ба унвони созмонҳои байналмилалӣ ва васоити ахбори умум роҷеь ба сарнавишти пайвандонаш шикоят бурд, аммо бо гузашти ду руз аз тарафи кормандони милиса боздошт шуд ва то кунун сарнавишти баьдияш норушан боқӣ мондааст.
То замоне ки ин гузориш омода мешуд, аз ҷониби вазорати умури дохила нисбати номаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо марбут ба сарнавишти Саодат Қодирова посухе дода нашудааст.
Мирзонабии Холиқзод
XS
SM
MD
LG