Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон аз Тоҷикистон нируи барқ мехарад


Давлати Покистон тавофуқ кардааст, ки солона ду миллиард киловатт нируи барқи Тоҷикистонро харидорӣ кунад. Тавофуқи мазкур зимини сафари як ҳайъати Тоҷикистон таҳти сарпарастии вазири иқтисоди ин кишвар Ҳаким Солиев ба Исломобод ва мулоқотҳои он бо мақомоти Покистон ҳосил шудааст. Ҷониби Покистон инчунин сохтмони хатти интиқоли нируи барқ то шимоли он кишварро низ ба уҳда гирифтааст. Ғафур Расулов, сухангуи вазорати иқтисоди Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "Ин хатти баландшиддат тавассути Помир кашида хоҳад шуд."
Ба гуфтаи сухангуи вазорати иқтисоди Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқотҳои ҳайъати Тоҷикистон бо мақомоти покистонӣ инчунин масоили дигари мавриди алоқаи ду тараф низ баҳс шудааст. У гуфт, аз ҷумла тарафи Покистон барои саҳмгузорӣ дар сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун изҳори омодагӣ кардааст.
Дар заминаи ҳамкориҳои бонкӣ низ миёни ду кишвар тавофуқоте ҳосил шуда ва қарор аст ба зудтарин фурсат дар шаҳри Душанбе филиали як бонки покистонӣ ифтитоҳ шавад.
Ҳайъати Тоҷикистон ба манзури таҳияи масоили муқаддамотии сафари Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури ин кишвар ба Покистон дар Исломобод ба сар мебарад ва қарор аст, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рузи 11 май ба Покистон сафар кунад. Интизор меравад, асноди ниҳоӣ дар заминаи ҳамкорӣ дар бахшҳои зикршуда дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Покистон ба имзо бирасад.
Бар изофаи ин гуфта мешавад, дар ҷараёни ин сафар қарор аст, дар мавриди як эътибори 500-милёндолларии Покистон ба Тоҷикистон низ гуфтугу шавад ва эҳтимолан санаде ба имзо бирасад.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG