Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чуҷаву тухми "Порсимурғ", бекорӣ дар Кулоб, дарду доғи сонеъу деҳқони тоҷик ва пешниҳоди ба хориҷа фурухтани себи Ғарму ангури Истаравшан


Бино ба хабари нашрияи «Рузи Нав», дар се моҳи соли ҷорӣ ба шуъбаи назорати давлатии маркази шуғли аҳолии Кулоб беш аз 1 200 сад кас бо хоҳиши дарёфти ҷойи кор муроҷиат карда, аз инҳо 540 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Алҳол ба бекорони кулобӣ беш аз 2 500 ҷойи кори холӣ пешниҳод шудааст, аммо мардум ба ин ҷойҳои кор намераванд. Агар 10 маротиба бештар ҳам ҷойҳои нави корӣ ташкил шаваду маош кам бошад, касе барои кор намеравад ва бекориву сатҳи камбизоатӣ ҳам барҳам намехурад, омадааст дар хабар.
Дар матлабе дар «Неруи Сухан» омадааст, Тоҷикистон саноати пуриқтидору тараққикарда надорад ва гумон аст, ки солҳои наздик ин соҳа эҳё гардад. Барои аз буҳрони шадиди иқтисодӣ баромадан бояд ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи бештар нишон дод. Муаллифи матлаб навиштааст, бояд бонкҳои махсуси қарздиҳӣ кушода шавад, то деҳқонон ҳар вақти хостаашон қарз гирифта тавонанд, бояд имконот фарохам оварда шавад, то деҳқон маҳсулоташро худаш ба фуруш барорад. Дар навишта омадааст, мандарину афлесуни боғдорони эрониву покистонӣ дар бозорҳои мо пур шудаанд, ангурҳои шакаррези Истаравшану Ҳисор, себҳои хубонии Исфараву Ғарм аз чӣ камӣ дорад, ки истеҳсолашро зиёд карда, ба хориҷи кишвар намебарорем?
«Чархи Гардун» хабар медиҳад, ки як соҳибкори эронӣ тасмим гирифтааст, дар ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд фабрикаи мурғпарварӣ кушояд. Корхона «Порсимурғ» номгузорӣ шуда, алакай 50 000 чуҷаи мурғ ба он оварда шудааст. Тибқи хабари нашрия, эрониҳо ният доранд, ба воситаи чуҷабарории сунъӣ дар муддати панҷ сол саршумори мурғхоро ба 500 000 расонида, ҳар сол ним милён дона тухм ва 2 000 тонна гушти мурғ истеҳсол кунанд.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз имзои як созишномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Покистон зимни боздиди як ҳайъати тиҷоратии Покистон аз Тоҷикистон хабар додааст. Дар хабар омадааст, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Покистон солҳои охир бомуваффақият густариш меёбад.
Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири хеш лоиҳаи қонун дар бораи пайвастани Тоҷикистон ба конвенсияи байналмилалии лизинги молиявиро қабул кард. Нашрияи «Бизнес и Политика» бо такя ба хабаргузории «Авасто» навиштааст, ҳадафи аслии ин конвенсия бартараф сохтани як қатор мониаҳои ҳуқуқӣ дар қонунгузории Тоҷикистон оид ба лизинги молиявии байналмилалӣ мебошад. Дар хабар омадааст, дар ҷаласаи порлумон ҳамчунин лоиҳаи қонун дар бораи созмонҳои маблағгузории хурд низ қабул шудаст.
Ҳумоюни Шаҳриёр
XS
SM
MD
LG