Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти президенти Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷии Ҳинд


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рузи шанбе дар як мулоқот бо муовини вазири умури хориҷаи Ҳинд Рогендр Абянкар гуфтааст, ин ду кишвар имконоти саршореро, ки барои рушду густариши равобити дуҷонибаи байни онҳо мавҷуд ҳаст, ба таври лозим истифода намебаранд.
Соли гузашта гардиши мол байни Тоҷикистону Ҳинд 90 дарсад коҳиш ёфта, танҳо каме бештар аз 3 милён долларро ташкил дод, ки ин ҳам як мояи дигари нигаронии ҳар ду ҷониби Душандеву Деҳлӣ дар мулоқоти дируза шудааст.
Дар ин мулоқот, ки ду соат тул кашид, масоили равобити дуҷониба ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳинд, ҳамчунин амнияти минтақа аз мавзуъҳои дигари мавриди гуфтугу будааст.
Абдуқайюми Қайюмзод
XS
SM
MD
LG