Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масири роҳи оҳани Хуҷанд - Саратов боз шудааст


Хабаргузории русии "Росбалт" аз қавли дафтари матбуоти ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон навишт, ки байни Тоҷикистону Русия боз як масири ҷадиди ҳаракати қаторҳои роҳи оҳан боз шудааст. Масири нав шаҳри Хуҷанди Тоҷикистонро бо шаҳри Саратови Русия мепайвандад. Қарор аст, қаторҳо дар ин масир ҳафтае се маротиба ҳаракат кунанд. Ҳар қатор аз 15 вагон иборат буда, қобили бурдани то 700 мусофир аст.
Ба навиштаи ожонсии "Росбалт", арзиши сафар дар қатори Хуҷанд - Саратов барои вагонҳои платскарт ҳудуди 2 000 рубли русӣ ва барои купе тақрибан 2 500 рубли русӣ таъйин шудааст.
То кунун аз Тоҷикистон ба Русия қаторҳои роҳи оҳан танҳо дар ду масири Душанбе - Аштархон ва Кулоб - Аштархон ҳаракат мекарданд, ки тавони бароварда сохтани ниёзи ҳама хоҳишмандони сафар ба Русияро надошт.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG