Пайвандҳои дастрасӣ

Ду бародари Ризвон куҷо шуд?


Муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон Абдусамеъ Додобоев дар суҳбат бо ожонсии "Авасто" хабари аз Русия истирдод шудани Валиҷон ва Фахриддин Содировҳо, ду бародари фармондеҳи собиқи нируҳои мухолифини тоҷик Ризвон Содировро радд намуд. Оқои Додобоев гуфт, Содировҳо то ҳол ба Душанбе истирдод нашудаанд.
Валиҷон ва Фахриддин Содировҳо тайи чанд соли гузашта дар ҳудуди вилоятҳои Иркутск ва Перми Русия бо асноди ҷаълӣ ба сар мебурдаанд. Фахриддин Содиров, масалан, дар Перм ба номи Уктамҷон Мардонов шиносномаи ҷаълӣ доштааст.
Як руз пеш хадамоти амнияти федеролии Русия хабар дод, ки ҳар ду Содировро ба ҷониби Тоҷикистон таслим кардааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG