Пайвандҳои дастрасӣ

Камтарин маош дар Тоҷикистон будааст


Нашрияи электронии "Газета. Ру" аз қавли маъмурони кумитаи омори кишварҳои муштаракулманофеъ навишт, ки баландтарин маоши миёнаи мардум дар ин кишварҳо дар Русия ва баробари 6218 рубли русӣ будааст, ки муодили каме бештар аз 200 доллари амрикоист. Бино бар ҳамин омор, камтарин маош дар тамоми СНГ дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст, ки муодили 516 рубли русӣ ва тақрибан 17 доллари амрикоӣ ҳисоб мешавад. Ва он ҳам дар ҳоле ки тайи семоҳаи аввали соли равон, ба ҳисоби Кумитаи омори кишварҳои муштаракулманофеъ, маоши миёнаи мардум дар Тоҷикистон 31 дарсад афзудааст, ки баландтарин мизони рушди маош дар тамоми СНГ дониста шудааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG