Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду хатти нави ҳавоӣ аз фурудгоҳи Кулоб боз мешавад


Ширкати ҳавоии "Энкор"-и Русия рузҳои 9 ва 16 май парвози ҳавопаймоҳояш дар ду масири Кулоб - Челябинск ва Кулоб - Екатеринбургро оғоз мекунад. Қарор аст, минбаъд парвози ҳавопаймоҳо дар ин ду масири нав ҳафтае як маротиба, рузҳои якшанбе сурат бигирад. Қимати парвоз то Челябински Русия муодили 170 доллари Амрико ва то шаҳри Екатеринбурги ин кишвар 190 доллар хоҳад шуд.
Мақомоти ширкати "Марко Поло", ки намояндаи расмии ширкати "Энкор" дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, бо интишори ин хабар дар суҳбат бо ожонсии "Азия Плюс" афзудаанд, ки сар аз моҳи июн ширкати "Энкор" намояндагиаш дар пойтахти Тоҷикистонро низ ифтитоҳ хоҳад кард.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG