Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ду бародари Ризвон Содировро ба Тоҷикистон таслим кардааст


Маъмурони хадамоти федеролии амнияти Русия Валиҷон ва Фаҳмиддин Содировҳо, ду бародари дар ин кишвар боздоштшудаи фармондеҳи собиқи нируҳои мухолифини тоҷик Ризвон Содировро ба мақомоти Тоҷикистон таслим кардаанд.
Валиҷон Содирови 30-сола дар вилояти Иркутск ва Фаҳмиддин Содирови 35-сола дар вилояти Перми Русия дастгир шудаанд. Мақомоти Душанбе ҳар дуро бо иттиҳоми ширкат дар гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон мавриди таъқиб ва ҷустуҷу қарор додаанд.
Ризвон Содиров, бародари бузурги онҳо, ки як замон фармондеҳии нируҳои Иттиҳоди Мухолифини Тоҷикро бар уҳда дошт, соли 1997 дар ҷараёни як амалиёти нируҳои давлати Тоҷикистон дар шарқи пойтахт, шаҳри Душанбе кушта шуда буд.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG