Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷавоби радди вазорати адлия ба Ҳизби Ваҳдат


Ҳикматулло Саидов - раиси Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон номаи ҷавобии вазорати адлияи ин кишварро ҷиҳати худдорӣ аз сабти номи ин ҳизб беасос шуморид ва ба Радиои Озодӣ гуфт, ношафофӣ дар Қонуни аҳзоби сиёсии Тоҷикистон имкон додааст, вазорати масъул ба ҳар тарзе, ки мехоҳад, амал мекунад.
Як моҳ қабл барои дуввумбор раиси Ҳизби Ваҳдат асноди лозима барои сабти ойиномаи ҳизбро ба вазорати адлия пешниҳод карда буд. Вазорати адлия пас аз бозбинии ойиннома, бо як номаи расмӣ бо имзои вазир Халифабобо Ҳомидов бо сабаби мавҷудияти ихтилофи асноди ҳизб ба банди 3-уми моддаи 3-и Қонуни аҳзоби сиёсӣ, яъне норӯшанӣ дар феҳрасти ҷонибдорон ва аъзои ҳизб аснодро пас гардонда таъкид намудааст, ки агар намояндагони Ҳизби Ваҳдат даъвое доранд, метавонанд ба додгоҳ муроҷиат кунанд.
Раиси ин ҳизб Ҳикматулло Саидов дар робита ба ин гуфт: "Гӯё, ки чанд нафар аз ҷонибдорони мо алҳол дар Тоҷикистон сукунат надоранд. Ва дигар камбудии мо гӯё ин аст, ки се нафар аз ҷонибдории мо даст кашида бошанд. Мо аввалан инҳоро тасдиқ намекунем."
Ва аммо дар суҳбати телефонӣ Сулаймон Давлатов гуфт, вазорати адлия посухи расмии худро дар як нома ба унвони Ҳизби Ваҳдат маълум кардааст ва аз ин бештар чизе гуфта намешавад.
Ҳикматулло Саидов гуфт, роҷеъ ба масъалаи сабти номи ҳизб вай дар мулоқоташ бо котиби сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масоили сиёсӣ, Ҷозеф Чемберлен суҳбат кардааст. Вай афзуд: "Дар ҷараёни сӯҳбат асосан ин масъала буд, ки чаро ҳизби шуморо сабти ном накарданд ва бо кадом сабабҳо. Ва мо ин сабабҳоро зикр кардем."
Оқои Саидов раиси ҳизби сабтнашудаи "Ваҳдат" мегӯяд, қасд дорад, бар асоси қавонини ҷории кишвар масоили мавҷуди ойинномаи ҳизбро мувофиқи талаботи вазорати адлия ислоҳ намояд. Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2002 бо баргузор кардани анҷумани муассисон ба саҳнаи сиёсии Тоҷикистон омад. Намояндагони он тарафдорони ҳизбро наздик ба 6 ҳазор нафар мегуянд.
Мирзонабии Холиқзод
XS
SM
MD
LG