Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБА аз нишондодҳои ахири иқтисодии Тоҷикистон қаноатманд аст


Роҳбари ҷадиди ҳайъати намояндагии Сандуқи Байналмилалии Пул ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди макроиқтисодии Тоҷикистон дар семоҳи аввали соли равон баҳои мусбат дод. Питер Винглӣ роҳбари ҳайъат созмони молиявии мазкур дар Тоҷикистон, ки аз оғози ҳамин моҳ ба фаъолият шурӯъ кардааст, дар хатми дидораш бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, коршиносони ин ниҳоди молӣ аз ҷараёни сиёсати моливу пулӣ ва ба вижа ислоҳоти сохтори идорӣ дар ин кишвар қаноат ҳосил кардаанд. Оқои Венглӣ гуфт, дар дидори аввалини ӯ бо президент Раҳмонов, идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Сандуқи Байналмилалии Пул ҷиҳати иҷрои барномаи давлати Тоҷикистон дар робита ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва ҳамчунин барномаҳои ислоҳоти низоми бонкдорӣ ва маорифи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст: "Мо ҳамчунин бо президент аз ҷараёни татбиқи ислоҳоти замин ва ислоҳоти соҳаи маорифи Тоҷикистон, ки мушкилоти ҳалношуда дар ин замина хеле зиёд аст, сӯҳбат доштем".
Файзулло Холбобоев - мушовири давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури иқтисод - гуфт, бо мусоидати Сандуқи Байналмилалии Пул ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар ба таври қобили мулоҳиза пешрафт кардааст. Ба гуфтаи оқои Холбобоев, аз ҷумла маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон бештар аз 9 фоиз афзоиш кардааст. Ин афзоиш махсусан дар бахши тавлиди маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва хидматрасонӣ ба аҳолӣ ба мушоҳида мерасад. Оқои Холбобоев ҳамчунин афзуд, ки ҳоло ниҳодҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон дар садади таҳияи як барномаи стратегии махсуси бозгардонидани қарзҳои кишвар мебошад. Ҷаноби Холбобоев гуфт, ин барномаи стратегӣ муддати ду моҳи наздик омода хоҳад шуд ва он имкон медиҳад, ки истифода ва бозгардони қарзҳои беруна зери назорат гирифта шаванд.
Питер Венглӣ, раҳбари ҳайъати Сандуқи Байналмилалии Пул дар Тоҷикистон гуфт, коршиносони онҳо то як ҳафтаи дигар ҳамроҳ бо масъулини ниҳодҳои иқтисоду молия, маориф, кишоварзӣ ва бонкдории Тоҷикистон барои таҳияи барномаҳои фаъолияти ин сохторҳо барои ду соли оянда кумак хоҳанд кард.
Абдуқайюми Қайюмзод аз Душанбе
XS
SM
MD
LG