Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши тавваҷҷӯҳи мардуми тоҷик ба сиёсат


Бар асоси як пурсиши маркази тадқиқотии «Шарқ», таваҷҷӯҳи аҳолии Тоҷикистон ба сиёсат ва аҳзоби сиёсӣ нисбати як соли пеш боло рафтааст. Мувофиқи ин пурсиш, агар дар охири соли 2002 беш аз сӣ дар сади пурсидашудагон зидди ҳама гуна ҳизбҳо буданд, пас дар охири соли 2003 ин рақам то ба бисту аз даҳ нӯҳ дар сад коҳиш ёфтааст. Ба андешаи коршиносон, омили аслии афзудани эҳтимоми мардум ба сиёсат ва аҳзоби сиёсӣ болоравии дарк ва фаҳми мардум мебошад, ки дигар бидуни тавачҷҷӯҳ ва ширкати фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар, вазъи иҷтимоиву иқтисодияшон наметавонад беҳ гардад. Раҳматулло Валиев - узви садорати Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар робита ба ин мавзӯъ мегӯяд: «Мардум оҳиста-оҳиста инро дарк мекунад, зеро матбуот дар ин бора пайваста мегуяд. Бинобар ҳамин ҳам таваҷҷӯҳи мардум ба аҳзоби сиёсӣ зиёд шуда истодааст.»
Аммо Давлаталӣ Давлатов - ҷонишини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сабаби афзоиши таваҷҷӯҳи мардум ба сиёсатро дар дастовардхои ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмонов -раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамзамон лидери Ҳизби Халқии Демократӣ мебошад, медонад: «Тоҷикистон таҳти сарварии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов дар роҳи демократисозии ҷомеа, дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дастовардҳои бузургеро дар солҳои ахир ноил гардидааст. Аз ин ру таваҷҷӯҳи мардум на танҳо ба ҳизбҳои сиёсӣ, балки умуман ба ҳаёти сиёсии ҷомеа рӯз аз рӯз бештар шуда истодааст.»
Мувофиқи пурсиши маркази тадқиқотии "Шарқ", ки миёни ҳазор нафар гузаронида шудааст, теъдоди ҷонибдорони ҳизби ҳоким аз бистушашу аз даҳ ду дар сад дар соли 2002, ба беш аз сивуяк дар сад дар охири соли 2003 афзудааст. Бисту ҳафту аз даҳ се дар сад ба тарафдории Ҳизби Коммунист овоз додаанд. Теъдоди тарафдорони Ҳизби Демократи Тоҷикистон шашу аз даҳ чор дар садро ташкил додааст. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки дар парлумони феълии кишвар ду намоянда дорад, ҳамагӣ чору аз даҳ як дар сади овози пурсидашудагонро соҳиб шудааст. Ҳикматулло Сайфуллозода - раиси дастгоҳи Ҳизби Наҳзат мегӯяд, арқоми ин пурсишнома воқеияти ҳолро пурра инъикос карда наметавонад: «Ман метавонам гӯям, ки на чору панҷу се, ҳизби мо маъруфияте дорад, ки ҳама қоил ҳастанд. Ва бо ин фисадҳо маъруфияти ҳизбро муаяйн кардан хеле душвор аст. Ин интихобҳост, ки муайян мекунад.»
Шумори тарафдорони Ҳизби Сотсиал-Демократ дар пурсиш яку аз даҳ ҳашт дар садро ташкил додааст. Теъдоди тарафдорони Ҳизби Сотсиалистӣ низ ҳамин миқдор будааст, вале ин ҳизб миёни шаш ҳизби расмии Тоҷикистон ягона ҳизбе будааст, ки теъдоди ҷонибдоронаш дар муқоиса бо соли 2002 коҳиш ёфтааст. Вокуниши Мирҳусейн Нарзиев - раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон: «Дар масъалаи он, ки гӯё, дар натиҷаи пурсишҳои гузаронида шуда, теъдоди ҷонибдорони мо андаке коста гаштааст, банда онро гуфтаниям, ки аввалан ин пурсиш дар куҷо гузаронида шудааст. Ман оид ба ин пурсиш маълумоте надорам, вале ба ҳақиқати ҳол чандон мувофиқ ҳам намеояд.»
Аммо коршиносон бо вуҷуди ин афзоиш, таваҷҷӯҳи мардум ба сиёсатро нокофӣ медонанд ва адами вокуниши на манфиву на мусбати мардум дар референдуми соли гузаштаро мисол меоранд, ки барои Эмомалӣ Раҳмонов - раисҷумҳури феълии Тоҷикистон имкони боз ду ҳафтсолаи дигар дар курсии президентӣ монданро фароҳам овард.
Ба назари таҳлилгарон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ, агар воқеан алоқамандии мардум ба сиёсат афзуда бошад, ин метавонад барои интихоби дурусти як ҷомеаи кушоди демократӣ ва шаҳрвандӣ мусоидат кунад. Зеро ба назари онҳо, бехабарии мардум аз сиёсат дар чанд соли ахир боиси яккатозии як ҳизб ва он ҳам ҳизби ҳомии раиси ҷумҳур, Ҳизби Халқӣ-Демократӣ шудааст.
Ҳумойюни Шаҳриёр
XS
SM
MD
LG