Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як марзбон ҳангоми қочоқи ҳероин


Кормандони бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зимни як амалиёт аз прапоршик Сафаралӣ Ғуломов, ходими тиббии қисми ҳарбии Неруҳои марзбонии Русия дар ноҳияи Шуробод 200- километрии ҷануби пойтахти кишвар 12 кило ҳероин кашф ва мусодира намуданд.
Бино ба иттиллои вазорати умури дохила, Сафаралӣ Ғуломов шаҳрвандии Русияро дошта ва 14 сол инҷониб дар қисми ҳарбии марзбонии Русия дар ноҳияи марзии Маскав, ҳоло ба номи Сайидалии Ҳамадонӣ ба ҳайси пизишк адои хизмат мекардааст. Дувоздаҳ кило ҳероинро кормандони умури дохила дар назди хонааш ҳангоми қасди интиқоли он ба Душанбе боздошт кардаанд. Ҳадафи аслии у интиқоли ин миқдор маводи мухаддир ба Маскав будааст. Аммо дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ накард.
Александр Кондратев, сухангуи неруҳои марзбонӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин ҳодисаро таъйид ва ё рад накард, вале ба такрор гуфт, чунин хабар дар назди онҳо нест. Аммо вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегуяд, танҳо дар як моҳи ахир бори дуввум аст, ки марзбонони Русия бо ҳероин боздошт мешаванд. Дар авохири моҳи гузашта, кормандони вазорати умури дохила як афсари марзбонии Русия Артём Ковалёвро бо 8 кило ҳероин дар роҳи Душанбе-Ҳисор боздошт карда буданд.
XS
SM
MD
LG