Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои як додрас бо нашрияи "Вечерний Душанбе"


Муовини раиси додгоҳи шаҳри Душанбе ҳафтаномаи "Вечерний Душанбе"-ро дар паст задани ҳайсияти худ муттаҳам дониста ва даъвои пардохти ҷуброн ба андозаи 300 ҳазор сомонӣ аз суи ин нашрияро кардааст.
Намоз Амиров-муовини раиси додгоҳи шаҳри Душанбе бо ирсоли як ариза ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон матлаби нашршуда дар ҳафтаномаи "Вечерний Душанбе" аз таърихи 5 марти соли равон, ки ба гуфтаи у он дар адолати ҳукми додгоҳ дар мавриди як нафар ба бист соли зиндон таҳти суол қарор гирифтааст, беасос ва туҳматомез хонда, хостори баррасии ин қазия ва пардохти ҳаққи маънавӣ шудааст: "Мақолае, ки таҳти сарлавҳаи "Над судьями есть суд" ба қалами муаллиф Ҷураев дар нашрияи "Вечерний Душанбе" чоп шудааст, сад дар сад нодуруст аст. Он қарору ҳуҷҷатҳое, ки мо қабул мекунем, ман шахсан аз номи худам ҳамчун Амиров қабул карда наметавонам. Ман аз номи қонун, қонуне, ки аз номи давлат қабул мекунадаз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунем. Хотири он, ки ин шаъну шарафи на як худи ман, балки тамоми системаи судро паст задааст. ин 300 ҳазор сомонӣ ночиз аст нисбат ба шаъну шарафи ман."
Оқои Амиров мегӯяд, муаллифи мақолаи "Вечерний Душанбе" Солеҳ Ҷӯраев, собиқ додситони кулли Тоҷикистон дар ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, ки ба ҳайси вакили мудофиаи нафари маҳкум дар ҷаласаҳои додгоҳ иштирок мекард, ҷараёни баррасӣ ва ҳукми додгоҳро ноодилона ва муғризона ба қалам дода ва нашрияи "Вечерний Душанбе" бидуни санҷиш онро ба нашр расонидааст. Ба ақидаи додрас, нашри чунин матолиби баҳсомез ва туҳматбарангез боиси коҳиши обрӯ ва эътибори мақомоти додгоҳ дар ҷомеа мешавад.
Ва аммо масъулини "Вечерний Душанбе" даъвои муовини раиси додгоҳро рад карда, мегӯянд, онҳо бо таяк ба қавонини кишвар, аз ҷумла Қонуни Асосӣ ва Қонуни матбуот, ки озодии баён ва ақидаи шаҳрвандонашро кафолат додааст, матлаби мазкурро ба нашр расонидаанд.
Сайдалӣ Сиддиқов - сардабири "Вечерний Душанбе" - дар робита ба ин масъала мегуяд:"Гуфта наметавонам, ки ин фишор ва ё ягон тенденсия ва равияи махусус аст, ки аз ҷониби ҳукуматдорон аст, ё ки аз ҷониби худи судяҳо аст ва ё ҷавоб ба он бисёр мақолаву гузоришҳое, ки мо дар саҳифаи нашрия аз болои камбудиҳои кори системаи ҳуқуқу судяву прокуратураи ҷумҳурӣ. Мумкин ҷавоб ба ин чизҳо бошад, ҳоло чизе гуфта наметавонем, ҷараёни ҷаласаҳои суд ҳамаи инро муайян мекунад."
Оқои Сиддиқов афзуд, "Вечерний Душанбе" бар асоси Қонуни матбуоти кишвар барои нашри раддияи муовини додгоҳи шаҳри Душанбе имконият медиҳад, вале нашрия омодааст, ҷиҳати ҳалли қазия дар додгоҳ аз мавқеи худ ҳимоят кунад.
Аммо ба ақидаи ҳуқуқшиноси тоҷик, Ҷунайдулло Ибодов даъвои муовини додгоҳи шаҳри Душанбе ва тақозои пардохти ғаромот аз тарафи нашрия нодуруст буда, дар заминаи шитобзадагӣ сурат гирифтааст. Вай мегуяд: "Суд агар аризаи даъвогиро бо ҳамин шаклу мазмун қабул карда бошад, ин хатои маҳз аст. Шахсе, ки бо аризаи даъвогӣ бо ҳамин маънӣ ба суд муроҷиат мекунад, бояд қаблан пеш аз додани ариза бевосита ба редаксияи ҳамон рузнома ва ё маҷалла муроҷиат кунад, барои нашр намудани раддия. Ва агар ин редаксия, ҳайъати таҳририя ва ё муҳаррир дар муҳлати як моҳ раддияро надодандё сабаби надодани онро ба ин одам хабар нарасонида бошад, он гоҳ шаҳрванд бевосита бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат кунад."
Гуфтанист, ки тайи чанд соли ахир бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон мақомоти додгоҳ даъвои пардохти ҷуброни маънавӣ аз суи як нашрияро мекунанд. Аммо маълум нест, ки даъвои додгоҳ муқобили матбуот дар худи додгоҳ чӣ гуна баррасӣ хоҳад шуд.
Абдуқайюми Қайюмзод
XS
SM
MD
LG