Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти ҳудуди 200 кило маводи мухаддир дар марз


Пётр Гордиенко, корманди маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон 5 май ба Радиои Озодӣ гуфт, сарҳадбонони рус дар минтақаи марзии ноҳияи Маскав 200 - километрии пойтахти Тоҷикистон 170 кило маводи мухаддир пайдо карданд ва ин дар соли нав аввалин бор аст, ки чунин миқдори зиёди маводи мухаддир кашф шудааст. Ӯ дар ин робита ба Радиои Озодӣ гуфт: "Рузи 4 май соати 10 30 дақиқаи субҳ дар минтақаи марзии Маскав марзбонони рус пинҳонгоҳеро кашф намуданд, ки дар он 8 халта маводи мухаддир пайдо карда шуд, ки беш аз 170 кило вазн дошт. Дар он ҷо 14 бастаи он ҳероин буд, ки вазни он 16 килограмму 100 граммро ташкил медиҳад. Боқимонда 155 килои он афюн аст."
Оқои Гордиенко афзуд, худи ҳамон руз, яъне 4 майи соли равон марзбонони рус аз минтақаи марзии Хоруғ пинҳонгоҳи дигареро кашф намуданд, ки аз он ба миқдори 938 грамм маводи сахттаъсири ҳероинро кашф ва мусодира карданд.
Аммо масъулини Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ин хабарро таъйид накарданд. Ба қавли Абдуҷаббор Ҳомидов, муовини раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон онҳо роҷеъ ба кашфи 170 кило маводи мухаддир аз ҷониби марзбонони рус иттилоъ надоранд, аз ин ру ин кумита наметавонад, хабарро таъйид намояд.
Оқои Ҳомидов бо таассуф афзуд, нерӯҳои марзбони Русия аз кашфу мусодираи миқдори маводи мухаддир иттилоъ пахш мекунанд, аммо худи маводи мухаддирро нишон намедиҳанд.
Сафаргул Олимӣ
XS
SM
MD
LG