Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инсонфурушӣ дарди нави Тоҷикистон


Ширкаткунандагони як конфронси минтақавӣ таҳти номи "Ҷилавгирӣ аз хариду фурӯши одамон" дар шаҳри Душанбе хостори ҳарчӣ сареътар қабул шудани Қонуни Тоҷикистон дар барои одамфурӯшӣ шуданд. Ба гуфтаи ширкатдорони ин конфронс, то кунун шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон, ки шумораи онҳо дақиқан маълум нест, бо роҳи фиреб ба хориҷ аз кишвар бурда шуда ва бо ҳадафҳои гуногун чун ғулом ва ё дар вазъияти ғуломвор истифода мешаванд. Нигина Муҳамадҷонова, масъули барномаи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, муқобила бо падидаи фурӯши инсон дар Тоҷикистон, ки ахиран рушд кардааст, мусоидат ва ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавиро тақозо мекунад.
Бону Муҳаммадҷонова мегӯяд: "Мо чунин ҳодисаҳоро дорем дар Тоҷикистон ва ин моро ба гузаронидани чунин машварат водор намуд. Барои чӣ? Вақте мо дар бораи одамфурушӣ, траффики инсон мегуем, бисёриҳо аксаран фикр мекунанд, ки мо доир ба масъалаҳои фоҳишагарӣ сухан меронем. Лекин ин масъала тамоман масъалаи дигар аст, яъне ба фоҳишагарӣ гирифтор шудан, ин як намуди истисмор аст. Вақте одам бо роҳи фиреб ва зӯроварӣ ба хориҷа бурда мешавад ва он ҷо бо як намуди истисмор рӯ ба рӯ мешаванд."
Нигина Муҳаммадҷонова дар бораи мушкили умдае, ки ҳамакунун дар пешорӯи ҳалли ин масъала истодааст, гуфт: "Ҳоло як мушкилие, ки Тоҷикистон дорад, ин доир ба ҷамъ кардани маълумот аст, яъне қурбониён метарасанд, ки ба ягон ҷо муроҷиат кунанд, чунки аксарияташон ор мекунанд.
Аммо Абдушукур Муҳаммадиев, намояндаи додситонии Тоҷикистон дар конфронси мазкур бо зикри чанд маврид боздошти касоне, ки дар хариду фурӯши инсон даст доштаанд, гуфт, ҳамакнун бар асоси маълумотҳои мавҷуда 15 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Имороти Муттаҳидаи Араб ба сар мебаранд.
У ҳамчунин афзуд: " Як тамоюли хатарноке ба назар мерасад, ки бархе аз шаҳрвандон ба хотири ба даст овардани фоида ба таҳияи аснод ва гузарномаҳои таққалубӣ барои ба хориҷа бурдани занон ва ноболиғон машғул ҳастанд. Аз ҷумла як ҷаллобзан бо номи Шукурова бо роҳи фиреб ва тавассути асноди қалбакӣ се зан ва як духтари ноболиғро ба Имороти Муттаҳидаи Араб бурдааст. Ва барои ин кораш 12 ҳазор доллар фоида ба даст овардааст. Ӯ боздошт ва ба 14 даҳ соли зиндон маҳкум шудааст."
Вале афзуд оқои Муҳаммадиев, мавҷуд набудани созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ боиси фош нашудан ва ё бе ҷазо боқӣ мондани бархе аз ҷинояткороне мешавад, ки ба қочоқи инсон машғуланд ва дар хориҷа паноҳ бурдаанд: "Сокини шаҳри Хуҷанд Саидова бо роҳи фиреб ду нафар занро ба Имороти Муттаҳидаи Араб бурда ва онҳо мавриди сӯйистифодаи ҷинсӣ қарор гирифтаанд. Нисбати хонум Саидова парвандаи ҷиноӣ боз шуда, вале бино ба далели он, ки у дар кишвари Аморати Муттаҳидаи Араб ба сар мебарад, боздошт ва муҷозот кардани ӯ ғайриимкон аст."
Оқои Муҳаммадиев афзуд, дар ҳоли ҳозир мақомоти марбутаи Тоҷикистон дар талошанд, то роҳи ҳалле барои ин барқарории равобити корӣ бо мақомоти марбутаи кишвари арабӣ пайдо кунанд. Ба гуфтаи иштирокдорони ин конфронс, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мавриди муомилаи қочоқбарони инсон қарор мегиранд, ба кишварҳои арабӣ ва ё Покистон бурда шудаанд.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG