Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кофӣ Аннон дар нутқи худ Тоҷикистонро мисол овард


Дабири Кулли Созмони Милал Кофӣ Аннон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, ки дирӯз, 3-юми май дар аксари кишварҳои олам таҷлил шуд, гуфт, матбуот набояд интизори таркиши бӯҳронии ин ё он кишвар бошад, то сипас ба баррасии заминаҳои он машғул гардад.
Анон гуфт, "Мо набояд бо амал ва ё бефаъолиятӣ, бо гузориш додан ё сукут варзидан паём диҳем. Махсусан ба мардуми кишварҳои дар ҳоли ниёз, ки танҳо аз рӯйи бовари худ дар ҳоли ҷадаланд. Паём диҳем, ки танҳо хунрезиҳои густарда ва фурӯпошии куллӣ метавонанд, диққати моро ба онҳо ҷалб кунанд." Аннон гуфт, низоъ дар шимоли Угондо ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ҳанӯз дар марҳилаҳои ибтидоияшон ба таваҷҷӯҳи матбуот ниёз доштанд.
"Вазъият дар Тоҷикистон, гуфт Дабири Кулли Созмони Милал, ҳамингуна аҳёнан гузориш мешавад, вале шояд бо сабаби дигар: дар роҳи эҳё ва сулҳ пешрафти воқеъӣ ба амал омад, ҳарчанд, албатта, ҳанӯз кори зиёде боқӣ мондааст."
Аммо Аннон дар оғози суханронияш гуфт, Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот аввалин ва муҳимтарин рӯзест, ки мо хотираи журналистонро, ки ҳангоми иҷрои вазифаашон кушта шудаанд ва ё барои гузоришҳои худ маҳбус гаштаанд, гиромӣ дорем.
XS
SM
MD
LG