Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи иҷрои ҳукми қатл дар Тоҷикистон, қадаме барои хурсанд кардани ҷомеаи байналмилал


Кушиши ҳукумати Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани мораторий ба ҳукми қатл дар кишвар агар аз як су гоми муҳим ба суи демократия тавсиф шавад аз суи дигар инро омили асосии коҳиши ҷиноят ё афзоиши ҷиноят дар ин кишвар намеҳисобанд. Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми солонаи худ ба парлумони ин кишвар дар авохири ҳафтаи гузашта эълом дод, мақомоти масъули Тоҷикистон барои иҷрои ин амр асноди лозимаро таҳия мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Созмони Авфи Байналмилал аз мақомоти Тоҷикистон хост, ҳукми қатли 8 шаҳрванди кишвар, собиқ аъзои дастаи гуруҳҳи мусаллаҳи худсари Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба "Гитлер"-ро боздорад, ҳарчанд дар мавриди чаҳор тан аз онҳо ҳукми қатл иҷро шудааст.
Майкл Ҳолл, мушовири намояндагии Созмони байналмилалии буҳроншиносӣ дар Тоҷикистон мегуяд, мораторий имкон медиҳад, ки ҳукми қатл боздошта шуда ва дар мавриди маҳкумият бозбинӣ сурат гирад. Оқои Майкл иқдоми президент Раҳмоновро дар роҳи таъмини ҳуқуқи инсон ва демократия як қадам ба пеш ҳисобид: "Ин як и-доми хеле нек барои ояндаи демократизатсия дар Тоҷикистон аст. Ва ин нуфузи Тоҷикистонро дар назари ҷомеаи байналмилалӣ мебардорад."
Ва аммо ҷорй шудани мораторий ба он маъно нест, ки ҳукми қатл аз қавонини Тоҷикистон комилан бардошта шавад. Муовини раиси кумитаи қонунгузории Маҷлиси Намояндагони парлумони ин кишвар Абдуманнон Холиқов мегуяд, дар чанд маврид дар Кодекси Ҷиноӣ ҳукми қатл боқӣ хоҳад монд, танҳо то замони эътибори мораторий ҳукм иҷро карда намешавад.
Ва аммо бархе бар инанд, ки Тоҷикистон як кишвари камбизоат буда, беш ба 80 дар сади аҳолии он дар фақр ба сар мебарад ва фишори равонӣ дар заминаи мушкилоти иҷтимоӣ ҳодисаҳои зуроварӣ ва қатлу кушторро дар хонаводаҳо афзудааст. Илова ба ин адами қонунмандӣ ва шафофият дар қавонини интизомй як саҳнаи кушодеро барои ҷинояткорон ва ҷинояткорӣ фароҳам овардааст, суолеро пеш меорад, ки оё манъи ҳукми қатл ин раванди номатлубро доман намезанад.
Сардори яке аз бахшҳои раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон Муҳриддин Сабуров мегуяд: "Гап сари он меравад, ки ҳозир нафаре ҳаст, ки панҷ маротиба суд шудагӣ аст. Нафаре ҳаст, ки одам кушта зиндонӣ шудагӣ аст, авф шуда баромада, вале боз ҷиноят карда, зиндонӣ шудагӣ аст."
Ва аммо Майкл Ҳолл, намояндаи Созмони Ҷаҳонии Буҳроншиносӣ дар расидагӣ ба ҳамин суол, ки мораторий боиси афзоиши ҷиноят нахоҳад шуд, мегуяд дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки ҳукми қатл дар бисёр маврид иҷро мешавад, ҷинояту ҷинояткорӣ кам нашудааст: "Масалан дар таҷрибаи Амрико нигоҳ кунем, дар он ҷо ҳукми қатл фаъол аст. Ман фикр мекунам, ки ягон далели объективӣ нест, ки ба асоси он гуем, ки вуҷуд доштани ҳукми қатл метавонад, ҷиноятҳоро кам кунад."
Дар ҳамин ҳол раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Маҳмадрузӣ Искандаров гуфт, то кунун дар зиндонҳои Тоҷикистон садҳо размандаҳои пешини собиқ мухолифини тоҷик ба сар мебаранд, ки баъзеи онҳо маҳкум ба ҳукми қатл буда, дар интизори иҷрои ҳукми қатл нишаста буданд ва ҷорӣ шудани ҳарчӣ зудтари мораторий метавонад, дар амри иҷрои ҳукми онҳо ҷилавгир шавад.
Оқои Искандаров афзуд: "Мораторий эълон кардан дар ҳукми қатл дар Тоҷикистон хеле пешравии бузурге аст, дар ҷодаи риояи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон. Баъдан дар бораи авфи размандагони давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва имруз умеди он нафароне, ки дар маҳбасҳо шиштаанд, умеде дар дилашон пайдо шуд, ки руи озодиро шояд ба наздикӣ мебинанд."
Ба иттиллои Маҳмадрузӣ Искандаров бо хоҳиши раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳоло Ҳизби Демократ феҳрасти 300 нафарро ба мақомти масъули кишвар пешниҳод намудааст, ки инҳо ҳамагӣ размандаҳои пешини оппозитсиюни тоҷик ҳастанд, ки дар солҳои руёруӣ ва баъд аз он аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт шудаанд. Ба ин тартиб бо тасвиби пешнавис дар мавриди мораторий аз ҷониби парлумон масъалаи манъи иҷрои ҳукми қатл ба иҷро хоҳад даромад.
XS
SM
MD
LG