Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавишти Дафтари СММ дар Тоҷикистон ба дасти Шурои Амният аст


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди тамдиди замони маъмурияти Дафтари мусоидат ба сулҳи ин созмон дар Тоҷикистонро ба Шурои Амният ироа кардааст. Кофи Аннон бо зикри зарурати фаъолияти Дафтари таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон хостори тамдиди маъмурияти ин дафтар то як соли дигар, яъне то аввали моҳи июни соли 2005-ум шудаааст. Дабири кулли СММ гуфтааст, мусоидат барои баргузории як интихоботи парлумонии шафоф ва бо риояи ҳадди аққалҳои демократик дар он, аз вазоифи Дафтари таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон дар соли оянда хоҳад буд.
Дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон то кунун дар иҷрои барномаҳои мухталиф мусоидат кардааст. Аз ҷумла ҳамкорӣ дар даъват ва баргузории нишасти кишварҳо ва гуруҳҳои кумаккунанда ба иқтисоди Тоҷикистон аз муҳимтарини ин барномаҳост. Дафтари таҳкими сулҳ инчунин дар баргузор кардани муколама ва нишастҳо ба манзури рушди ҷараёнҳои сиёсӣ, инкишофи ҷомеаи маданӣ, ҳамкории давлат бо созмонҳои ҷамъиятӣ, озодии баён ва дифоъ аз ҳуқуқи башар низ саҳм доштааст.
Владимир Сотиров, раиси Дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон, мегуяд, ахиран ба манзури ташвиқи мақомоти Бонки Осиёӣ барои сармоягузории тармими роҳи Душанбе- Ҷиргатол, ки Тоҷикистонро бо Кирғизистон мепайвандад, мулоқот кардааст: "Ман бо бону Казамуку Мотомура, намояндаи Бонки Осиёӣ мулоқот доштам ва аз у хохиш кардам, ки агар имкон бошад, баргузории тендер ба манзури тармими ин роҳро суръат бахшанд."
Оқои Сотиров афзуд, ин барнома ба мардуми водии Рашт, ки аз манотиқи ҷангзадаи Тоҷикистон аст, имкон медиҳад, яз як ҷиҳат то андозае ба кор таъмин шаванд. Ва аз ҷониби дигар бунёди ин роҳ дар ҷараёни ҳамоиши минтақа ва саҳмгирии фаъолтари мардуми он дар равандҳои мухталиф дар кишвар муассир хоҳад буд.
Амалисозии барномаи тармими ин роҳ қарор аст, то поёни имсол оғоз шавад.
Дафтари СММ дар Тоҷикистон дар амалисозии барномаҳои таҳкими сулҳ ва ба ҳаёти мулкӣ боз гардонидани ҷангандаҳои собиқ низ саҳм доштааст.
Оқои Сотиров дар ин бора гуфт зимни як сафараш ба минтақаи Рашт бо гуруҳе аз фармондеҳони пешини мухолифи давлат мулоқот карда ва онҳоро барои саҳм гирифтан дар ҳаёти мулкӣ даъват кардааст. Вай афзуд: "Фармондеҳони пешин мегуянд, мақомоти интизомӣ ва амниятӣ бо онҳо бархурди хос доранд. Онҳо ба гуфтаи худашон, аз иҷро нашудани Қонуни афв нигарон ҳастанд ва феълан феҳрасти асомии касонеро таҳия мекунанд, ки бо вуҷуди шомили Қонуни афв будан, боз ҳам зиндонӣ шудаанд. Ман низ мехостам, ин масъаларо дақиқ кунам ва агар дар воқеъ чунин бошад, пас бояд мусоидат кард, то Қонуни афв қатъан иҷро шавад."
Дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон дар соли 2000 баъди таҳаққуқи комили Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар ин кишвар ва анҷоми маъмурияти ҳайъати нозирони ин созмон таъсис шуд ва то кунун сари ҳар сол маъмурияти он тамдид шудааст.
XS
SM
MD
LG