Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эълони номзадҳо ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Рудакӣ


Маҷмуи асарҳои адабӣ, драммавӣ ва ҳунарии як гуруҳ адибони тоҷик ба дарёфти ҷоизаи ба номи Абуабдулло Рудакӣ интихоб шуданд. Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ва аъзои Кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рудакӣ сеюми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як нишасти кумитаи мазкур асарҳои пешниҳодӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Меҳмон Бахтӣ афзуд, аъзои кумита бештар ба ҷиддият ва бадеияти мавзуъҳои асарҳои пешниҳодӣ тавваҷуҳ намуданд.
Нурулло Абдуллоев, ҳунарманд ва драмматурги тоҷик, яке аз номзадҳо ба дарёфти ин ҷоиза мегуяд, гарчанд солҳои қаблӣ дар кори ин Кумитаи ҷоизаи Рудакӣ саҳлангорӣ ва беадолатиҳо ҷой доштанд, аммо у алъон ба кори одилонаи ҳайъати ҳакамон боварӣ дорад.
Нурулло Абдуллоев бо маҷмуи драммаҳои худ, таҳти унвони "Кургиреҳ" довталаби ин ҷоиза шудааст. Тибқи иттилоъи Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи Абуабдулло Рудакӣ дар бахши мусиқӣ силсилаи оҳангҳои Хайрулло Абдуллоев бо номи "Роҳи хирад", операи Талаб Сатторов "Рустам ва Суҳроб", дар бахши санъати тасвирӣ-меъморӣ силсилаи мусаввараҳои "Сарзамини офтобӣ"-и Юсуфҷон Сангинов пешниҳод шудаанд. Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон гуфт, ба қарори кумитаи мазкур иддае аз асарҳои пешниҳодшуда дар саҳифаҳои матбуот нашр хоҳанд шуд.
Сафаргул Олимӣ
XS
SM
MD
LG