Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Самарқанд замини шоирхез, вале ҳоло камшоир, мактабҳои тоҷикии хору зори Узбакистон


Нависандаи маъруфи тоҷик Шодон Ҳаниф тайи як мусоҳибааш бо рузномаи "Овози Тоҷик" гуфтааст, ки Самарқанд аз азал макони илму маърифат ва замини носиру шоирхез буд, аммо дар солхои охир шумораи адибонаш хеле кам шудааст. Вай афзудааст, танҳо дар наср чанд нафар, чун Болта Ортиқзода, Ҳазрат
Сабоҳӣ, Маҳбуба Неъматзода, Бахтиёри Ҷумъа, Солеҳи Саидмурод, Маҳбуба Турсуноваро медонад, ки ба забони тоҷикӣ эҷод мекунанд. Шодон Ҳаниф афзудааст, агар аз руи адолат гуяд, ин барои тоҷикони водии Зарафшон
муште аз хирвор аст. Нависанда ҳамчунин гуфтааст, сол аз сол кам шудани шумораи мактабҳои тоҷикӣ, савияи пасти дониши муаллимони забон ва адабиёт, набудани театри тоҷикӣ ва коҳиши шумораи афроде, ки китоби бадеӣ мутолиа мекунанд, сабаби ин ҳол гаштааст. Рузномаи "Овози Тоҷик" доир ба баррасии масъалаи камшавии мактабҳои тоҷикиро дар мисоли вилояти Қашқадарё, дар шурои илмиву методии мактабҳои тоҷикии маркази
маорифи ҷумҳурӣ интишор намудааст. Рузнома мегуяд, ки ҳамасола қабули шогирдон ба синфҳои якуми тоҷикӣ
тадриҷан кам шуда меравад.
Дар мактабҳои тоҷикии вилояти Қашқадарё, ки теъдоди умумии он 48 ададро ташкил медиҳад, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ намерасанд ва дар ягон мактаби тоҷикӣ компютер мавҷуд нест. "Овози Тоҷик" меафзояд, гузашта аз ин дар Институти такмили ихтисоси вилояти Қашқадарё барои омузгорони мактабҳои тоҷикӣ ягон шуъба таъсис дода нашудааст. Китобхонаи мактабҳои тоҷикӣ батамом қашшоқ шудаанд. Рузнома хулоса намудааст, ки адами гуруҳҳои тоҷикӣ дар донишгоҳҳо падару модарон маҷбур шудаанд, фарзандони худро ба мактабҳои узбекӣ шомил намоянд.
Рузномаи "Овози Тоҷик" дар гушаи "Набзи Тоҷикистон"- и шумораи ин ҳафта навиштааст, ки дар се моҳи соли равон ҳаҷми умумии табодули мол бо кишвархои хориҷй дар ҳудуди 500 миллион долларро дар бар гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 фоиз зиёд аст. Ҳамчунин рузнома муштариёни худро огаҳ намудааст, ки як гуруҳ намояндагони парлумони Тоҷикистон дар Маскав бо раиси парлумони Русия ва шаҳрдори Маскав
дидор ва мулоқотҳоеро анҷом доданд. Рузномаи "Овози Тоҷик" дар гушаи назми шумораҳои ин ҳафта таҳти унвони "Гарди анҷум" дубайтиҳои шоири точик Абдулло Субҳон ва намунае чанд аз ашъори шоири афғон Насир Аҳмадро ба табъ расонидааст.
XS
SM
MD
LG