Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ҷаҳонии Озодии матбуот дар Тоҷикистон


3-юми май ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии матбуот дар Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳое баргузор мешаванд, ки ба густариши озодии сухан тамаркуз меёбанд. Ин нишастҳоро намояндагиҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Институти Ҷомеъаи Бози Сорос, Дафтари таҳкими сулҳи Созмони Милал, Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ ва намояндагии шабакаи Интернюс дар Тоҷикистон баргузор мекунанд.
Ба иттилоъи дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе, чораҳои марбут ба иди ҷаҳонии озодии матбуот рӯзи якуми май дар Хуҷанд бо ифтитоҳи лавҳаи ёдгорӣ дар манзили журналисти шинохтаи тоҷик Мақсуди Ҳусайн, дар зодгоҳаш шурӯъ шуданд.
Имрӯз ба муносибати иди мазкур дар шаҳри Душанбе, дар театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ, маросими супурдани ҷойизаҳо ба ду барандаи озмуни журналистон, ки САҲА, СММ, Бунёди Сорос ва Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ эълон кардаанд, баргузор мешавад. Ҳамчунин барои беҳтарин барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ, мақолаҳо ва дигар дастовардҳои журналистӣ 15 ҷойизаи дигар супурда хоҳад шуд.
Пагоҳ, чоруми май бо иштироки сардабирон ва масъулони матбуоти мустақил ва давлатӣ, коршиносон ва мансабдорони ҳукумат мизи мудавваре баргузор мешавад, ки дар он Алексей Симонов, мудири Бунёди дифоъ аз ошкорбаёнӣ роҷеъ ба монеъаҳои рушди озодии сухан дар Тоҷикистон маърӯза мекунад.
Дар маҳфилҳои марбут ба рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот имсол мебойист ҳамчунин сардабири нашрияи мустақили "Чароғи Рӯз" Додоҷони Атовулло ҳамроҳ бо ҳайъати журналистони олмонӣ ширкат мекард ва эҳтимолан рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот рӯзи бозгашти пурраи нашрияи "Чароғи Рӯз" ба Тоҷикистон мешуд. Вале, тавре ки ӯ мегӯяд, дар охирин лаҳза ин сафар лағв гардидаст.
Додоҷони Атовулло дар як гуфтугӯи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди ҳамоҳангии миёни вазорати корҳои хориҷии Олмон ва намояндагии САҲА дар Душанбе, дар охирин лаҳзаи пеш аз парвоз хабари марбут ба вазъи амниятӣ расид ва ҳайъати олмонӣ аз сафар худдорӣ кард. Вай афзуд, аз қатъи парвандааш, афве ки президент Эмомалӣ Раҳмонов ба ӯ раво дидааст ва ризоияти мақомоти Тоҷикистон ба нашри "Чароғи рӯз" дар Тоҷикистон хурсанд аст, аммо шароити воқеъии озодии матбуотро дар ватанаш ҳанӯз нокофӣ мешуморад. Ба гумони Атовулло фишор болои нашрияҳои мустақил кам нашудааст.
Дафтари САҲА дар Тоҷикистон мегӯяд, баргузории маросимҳои марбут ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот як ёдоварӣ ба ҳукумат аст, ки бояд ӯҳдадории байналмилалии худро дар таъмини шароити озодии сухан иҷро кунанд.
XS
SM
MD
LG