Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи нави ҷонибдорони Ёқуб Салимов ба президенти Тоҷикистон


Бо як идда аз ҷонибдорон ва сокинони чанд хоҷагию маҳалла ва шаҳракҳои навоҳии Бохтару Вахши вилояти Хатлон бо шумули 100 нафар бознишастаҳои ҷангу меҳнат ба унвони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов як нома ирсол дошта, пуштибонии худро аз Ёқуб Салимов эълон кардаанд.
Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохилаи Тоҷикистон, бо дархости додситони кулли Тоҷикистон дар моҳи феврал аз зиндони Лефортовои Маскав ба Душанбе интиқол дода шуда буд. Номаи ҷонибдорони вазири пешини умури дохилаи кишварро яке аз наздикони оқои Салимов, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, рузи шанбе ба идораи душанбегии Радиои Озодӣ расонид. Нусхаи аслии нома бо забони тоҷикӣ навишта шуда, ба дастгоҳи раёсати ҷумҳур ирсол дошта шудааст ва зери имзоҳои он чанд муҳри хоҷагиҳои вилояти Хатлон гузошта шудааст.
Муаллифони нома нисбати сарнавишти Ёқуб Салимов изҳори нигаронӣ намуда, аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов хайрхоҳӣ ба вазири пешини умури дохиларо тақозо кардаанд.
Онҳо мегуянд, ахиран дар саҳифахои матбуот нисбат ба Ёқуб Салимов назарҳои зидду нақиз ба нашр расидааст, ки гуё у дар табадуллоти давлатӣ, бандитизм ва хиёнат ба ватан даст дошта бошад, дар ҳоле, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар манотиқи Қурғонтеппа маҳз Ёқуб Салимов бо фидокорӣ хонаводаҳои мардуми муҳоҷирро аз таҳдиду таъқиби ба истилоҳ боевикҳо наҷот медод. Оё ин амали инсондустонаи у бандитизм аст, суол медиҳанд муаллифони нома.
Дар нома оварда шудааст, ки Ёқуб Салимов аз нахустинҳое буд, ки барои иҷрои дастури раиси ҷумҳур ҷиҳати бозгардонии муҳоҷирин ба манзилҳояшон талош ба харҷ додааст. Дар авоили ҳамин ҳафта низ иддае аз ҷонибдорони вазири собиқ бо беш аз 1600 имзо ба унвони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов як нома ирсол дошта, расидагии одилона нисбати парвандаи уро хоҳиш карда буданд.
Дар ҳамин ҳол дар як суҳбати телефонӣ додситони кулли кишвар Бобоҷон Бобохонов гуфт, бар асоси тафтиши парвандаи Ёқуб Салимов ҳануз тағйироте дар айбномаи у ворид нашудааст ва у ҳамчунон бо иттиҳоми даст доштан дар табаддулоти давлатӣ ва хиёнат ба ватан гунаҳкор дониста мешавад.
Мирзонабии Холиқзод

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG