Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико Тоҷикистонро таъриф кардааст


Соҷидаи Мирзо

Дар гузориши солонаи Департаменти давлатии Амрико доир ба терроризм дар ҷаҳон омадааст, Осиёи Марказӣ, ки солҳо ба ҳуҷуми шуришгарон ва гуруҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон ру ба ру буд, дар соли 2003-ум аз хисороти густарда эмин монд. Фаъолияти Ҳаракати Исломии Узбакистон, гуруҳи мусаллаҳе, ки ба феҳрасти Иёлоти Муттаҳида шомил аст ва ҳадаф дорад, ҳукумати Узбакистонро сарнагун кунад, баъди шуруъи амалиёти Эътилофи зиддитерроризм дар Афғонистон солҳои 2001-2002 ҷиддан халадор шуд ва бисёре аз ҷонибдорони он кушта гардиданд. Гузориш меафзояд, Ҳаракати Исломии Узбакистон қудрати ташкили амалиётҳои густардаро надорад, зеро амалкардҳои сохторҳои ҳифзи тартибот дар кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Кирғизистону Узбакистон, ки ба боздошту муҷозоти аъзои ҳаракат анҷом шудаанд, тавони ин ташкилоти тундравро заъиф намуданд.
Гузориши Депатаменти давлатӣ дар робита ба Тоҷикистон гуфтааст, дар ҷанги зиддитерроризм, ин кишвар ҳамчунон шарики Иёлоти Муттаҳида боқӣ мондааст. Тоҷикистон аз ягон гуруҳ ва ё фаъолиятҳои террористӣ пуштибонӣ намекунад ва иҷозат додааст, ки ҳарими ҳавоӣ ва қаламрави он барои амалҳои зиддитеррористӣ истифода шавад, мегуяд гузориш ва меафзояд, президенти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонов мавқеъи оштинопазири кишвари худ ба терроризмро соли 2003-ум дар маҷмаъи кулли Созмони Милал рушан карда буд.
Дар гузориш омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ бо тағйири қонунгузориҳои худ дар самти шадид намудани мубориза бо терроризм, қабули стратегияи давлатӣ ва пешгирӣ аз дастрасии террористҳо ба манобеъи молӣ дар дохили ин кишвар иқдом кардааст. Ва дар сатҳи байналмилалӣ ин кишвар аз ибтикорҳои зидди терроризм дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Ҷомеъаи кишварҳои мушатракулманофеъ пуштибонӣ кардааст. Соли 2003-ум зимни суханронӣ дар Маҷмаъи Кулли Созмони Милал президенти Тоҷикистон ба қочоқи маводи мухаддир ҳамчун манбаъи сармоягузории гуруҳҳои террористӣ таъкид кард ва масъалаи таъсиси эътилофи зидди маводи мухаддирро ба миён гузошт. Гузориш мефзояд, ки феълан Иёлоти Муттаҳид ба ташаккулҳои зиддитерристии Тоҷикистон кумаки фаннӣ мерасонад.
Гузориши Департаменти давлатӣ мегуяд, аз соли 2001-ум ба ин тараф Тоҷикистон ба терроризми дохилӣ ру ба ру нашудаст ва ҳукумати ин кишвар аз он замон то ҳол истирдоди террористеро тақозо накардааст ва ягон гумонбаршудаи терроризмро низ истирдод накардааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG