Пайвандҳои дастрасӣ

Эътилофи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар ниҳоят ташкил шуд


Намояндагони се ҳизби сиёсии Тоҷикистон, Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Ҳизби Сотсиал-Демократ ва Ҳизби Сотсиалистӣ ба созишномаи Эътилофи аҳзоби сиёсӣ ҷиҳати баргузории як интихоботи озоду шаффоф дар кишвар имзо гузоштанд. Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз таъсиси Эътилофи ҳизбҳои сисёсӣ мусоидат ба баргузории як интихоботи нисбатан озоду шаффоф дар Тоҷикистон ва таъмини назорати одилона бар ҷараёни ин интихобот аз суи аҳзоби сиёсӣ аст. Аммо Зоиров гуфт, эҷоди эътилоф набояд барои ҳукумат баҳонае гардад, ки имконоти худро дар интихобот ба зидди ин аҳзоб истифода барад.
Зоиров гуфт: "Агар мо фикр кунем, ки онҳо аз руи рафтори мо гузашта намекунанд, дар Тоҷикистон баъди 10 аср ҳам демократия намешавад."
Муҳиддин Кабирӣ, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Ислом гуфт, вазоифи дар назди худ гузоштаи эътилофи сиёсӣ сирф вазоифи се ҳизби узви он нест. Вай гуфт: "Вазифаҳое, ки дар назди Эътилофи сиёсӣ истодааст, сирф вазифаи ин се ҳизб нест, балки ҳар ҳизби сиёсии Тоҷикистон аст. Фикр мекунам, иҷрои ин вазифаҳо дар назди мо осонтар хоҳад шуд, аммо ман таасуф мехурам, ки Ҳизби Демократ дар охирин лаҳза аз пайвастан ба эътилоф худдорӣ кард."
Аммо Раҳматулло Валиев, дабири Ҳизби Демократи Тоҷикистон, ки дар маросими имзои созишнома ширкат дошт, гуфт, худдории ҳизбаш ба маънои комилан даст кашидан аз пайвастан ба ин эътилоф нест ва имкони дар оянда шомил шудани ҳизби онҳо низ ба ин созмон вуҷуд дорад.
Холиқи Сангин
XS
SM
MD
LG