Пайвандҳои дастрасӣ

Поёни боздиди ҳайъати парлумонии Тоҷикистон аз Маскав


Боздиди ҳайъати парлумонии Тоҷикистон аз Маскав шоми панҷшанбе бо имзои як протоколи таҳкими ҳамкорӣ байни Думаи давлатии Русия ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба анҷом расид. Санади ҳамкориро дар Палатаи бозоргонӣ ва саноеъи Русия ҳамраисони Комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия Юсуфҷон Аҳмадов ва Борис Пастухов имзо карданд. Дар протокол омадааст, Русия ва Тоҷикистон ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир тавсиа мебахшанд.
Аҳмадҷон Юсуфов, ҳамраиси ҷониби Тоҷикистон бо ибрози қаноатмандӣ аз боздиди ҳаъйати парлумонии Тоҷикистон, имзои протоколро дар густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия як қадами усутувор номид.Борис Пастухов, низ бо муҳим хондани имзои протокол итминон дод, масъалаҳои мавриди назар дар амал корбурд пайдо мекунанд.
Боздиди ҳайъати парлумонии Тоҷикистон аз Маскав 26 апрел шуруъ шуд ва намояндагони мардуми тайи чор руз дар Думаи давлатии Русия бо ҳамтоёни худ ва дар чанд вазорат бо мақомоти марбутаи ин кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, илмӣ ва иттилоотӣ гуфтугу анҷом доданд, ки хулосаҳои он нишастҳо дар протокол дарҷ гардидаст. Дар маросими имзои протокол эълом шуд, ҷаласаи саввуми Комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия моҳҳои октябр - ноябр дар Душанбе баргузор хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG