Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Сорос пирӯзии демократияро дар Осиёи Марказӣ ҳадаф қарор додааст


Ҷорҷ Сорос пас аз мулоқот бо президенти Қирғизистон Аскар Оқоев дар Бишкек рӯзи сешанбе гуфт, ба фаҳмиши ӯ, Оқоев майл надорад дар интихоботи навбатии президентӣ ширкат кунад. Ва агар дарвоқеъ чунин шавад, ин аввалин интиқоли қудрат бо роҳи интихобот ба раҳбари нави Қирғизистон хоҳад шуд. Сорос гуфт, ин як қадами бузурге хоҳад шуд ба ояндаи беҳтари Осиёи Марказӣ, ки президентҳояш мехоҳанд, то охирин лазҳаи умр дар курсии раёсат бошанд.
Дар ҳамин ҳол маркази хабарии олмонии ДПА навишт, раҳбарони қариб ҳамаи ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ дар ҳунари часпидан ба қудрат маҳорати кофӣ пайдо кардаанд. Яке аз роҳҳои ин барнома, аввал маҳдуд кардани мӯҳлати раёсат бо ду давра ва дертар тамдиди он ба давраи сеюм аст. Баъдаш, мумкин аст, конститутсияи нав қабул карда шавад ва ё маҷмӯъи тағйиру иловаҳо ба он ворид гардад.
Ахиран барои давлатҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ҳолати наве изофа шуд. Ҳар кишваре, ки захираҳои бештари нафту газ дорад ва ё пойгоҳҳои ҳарбии қудратҳои бузургро дар қаламрави худ ҷой медиҳад, мутмаъин мегардад, ки аз танқиди сиёсати худкомагии ҳукуматҳо аз тарафи Иёлоти муттаҳида ва ё Русия ва ё фишори онҳо дар амон хоҳад буд.
Интихоботҳои сохта ва пур аз тақаллуб дар ин кишварҳо аз тарафи созмонҳои байналмилал шадидан танқид мешаванд, вале таъсире ба ояндаи ин кишварҳо надоранд. Таҳлилгарон мегӯянд, метавон инро меъёрҳои духела номид, вале қудратҳои ҷаҳонӣ хостори низоъ ва нооромиҳои нав дар ин манотиқ нестанд. Андрей Пионтковский ба хабаргузории ДПА дар шаҳри ин мавзӯъ гуфтааст, Вашингтон, Маскав ва давлатҳои Аврупо мақсадҳои рӯзмарраи сиёсиро бар усули сиёсӣ бартарӣ медиҳанд.
Кӯшиши дигари президентҳо ин аст, ки фарзандони худро ба курсии хеш бинишонанд. Ҳайдар Алиев, раисҷумҳури Озорбойҷон, аз бистари марг дар Амрико мардуми худро даъват кард, аз писари ӯ Илҳом пуштибонӣ кунанд. Нурсултон Назарбоев писар надорад, биноан духтараш Дариға ба саҳнаи сиёсат баромадааст. Ва падари, ба истилоҳ ҳамаи туркманҳо, Туркманбошӣ ҳарчанд ҳанӯз чизе дар бораи ворисаш нагуфтааст, писари ӯ Мурод, ки мегӯянд, дар як шаб дар қиморхонаи Мадрид 12 миллион долларро бой дод, эҳтимол баъди сари падар ба курсии раёсат биншинад.
Аммо дар ҳами ин манзараи якнавохт, намунаи Гурҷистон тағйири бузурге ба амал овард. Ҷорҷ Сорос дахолати созмони худро ба инқилоби садбаргии Гурҷистон рад кард. Бо вуҷуди ин раддия, баъд аз таваҷҷӯҳи Сорос ба ояндаи қудрат дар Қирғизистон барои президентҳои Осиёи Марказӣ хабари хуше нест. Вай аз вазъи Ӯзбакистон изҳори ташвиш кард ва ғайримустақим ба зарурати навгониҳо дар дигар кишварҳои минтақа ишора намуд.
XS
SM
MD
LG