Пайвандҳои дастрасӣ

Дар зодгоҳи президент Раҳмонов фурудгоҳ месозанд


Хабаргузории "Авесто" аз шаҳри Душанбе гузориш дод, ки дар зодгоҳи президенти Тоҷикистон, шаҳри Данғара сохтмони майдони ҳавоӣ шуруъ шуд. Дар суҳбат бо мухбири "Авесто" муовини раиси Пажуҳишгоҳи давлатии лоиҳабандиву таҳқиқоти Тоҷикистон, Маҳмадрасул Рофиев гуфтааст, ки сохтмони майдони ҳавоии Данғара 22 апрел оғоз ёфт.
Номбурда илова кардааст, ки майдони ҳавоӣ шашсад метри мураббаъро дар бар гирифта, барои татбиқи лоиҳаи мазкур аз буҷети имсолаи давлат 500 ҳазор сомонӣ тахсис дода хоҳад шуд. Рофиев мегуяд, ки корҳои лоиҳабандиву сохтмон аз тарафи муассисаи онҳо ва пажуҳишгоҳи "Гипрострой" то моҳи октябри соли равон иҷро мешаванд. Маҳмадрасул Рофиев ҳамчунин гуфтааст, ки баъди такмили сохтмон майдони ҳавоӣ соате то панҷоҳ мусофирро қабул карда метавонад ва дар дохили бинои он посгоҳи назорати санитариву байторӣ бунёд хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG