Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи ҳануз таъсиснаёфта пароканда мешавад?


Ҳизби Демократи Тоҷикистон, ки яке аз ташаббускорони таъсиси Эътилофи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба хотири баргузории интихоботи шаффоф ва қонунманд, бидуни ин ки таъсиси ин эътилоф эълон шавад, гуфтааст, аз ширкат дар он худдорӣ хоҳад кард. Аз Раҳматулло Валиев, дабири кулли Ҳизби Демократи Тоҷикистон сабаби тағйироти ғайриинтизор дар сиёсати ҳизбашро пурсидам. У мегуяд, таъсиси чунин эътилофе метавонад, вокуниши манфии ҳизби ҳокимро ба бор биорад ва натиҷаи баръакс бидиҳад: "Парлумон ва президент мехоҳанд, ки як бори дигар лоиҳаи ниҳоии қонуни интихобот дар ҳузури аҳзоби сиёсӣ баррасӣ шавад ва фикрҳои аҳзоби сиёсӣ бояд дар ҳамон қонун дарҷ гардад. Ин иқдоми нек аст, аз ҳамин хотир агар мо пеш аз ҳамин қонун мо эътилофе ташкил кунем, парлумон метавонад бе баррасии қонун ва бе иштироки аҳзоби сиёсӣ худашон қонунро бо овоз монда қабул кунанд. Ва қонуне қабул кунанд, ки аз қонуни феълӣ бадтар бошад."
Аммо дар ҳамин ҳол Ҷумъабой Сангинов - раиси ҷиноҳи Ҳизби Халқии Демократӣ дар парлумон мегуяд, зуҳури чунин эътилофе як амри табиӣ дар ҳар ҷомеаи демократист. Ва бояд ба рушди ҷараёнҳои демократӣ мусоидат кунад. Агарчанд ба назари у таъсири чандоне дар шафоф ва қонунманд баргузор шудани интихобот нахоҳад дошт: "Ба ақидаи ман, ин ҳизбҳои сиёсӣ таввасути таъсиси коалитсия кушиш ба харҷ медиҳанд, ки имкониятҳои тарафдорони худро дар доираи коалитсия муттаҳид созанд. Ба фикрам, ин иқдом ба шаффофияти интихобот бевосита таъсир надорад, зеро шаффофияту тозагӣ ва адолат дар интихобот дар доираи Қонун оид ба интихобот сурат мегирад."
Аммо ба гуфтаи бархе аз соҳибназарон ва ба иқрори дабири кулли ҲДТ тағйири мавқеъ дар сиёсати ин ҳизб баъди мулоқоти раиси ҳизб Муҳаммадрузӣ Искандаров бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳур ба амал омадааст. Ва гуфта мешавад, ҲДТ дар интихоботи оянда эҳтимол дорад, шарики ҲХДТ бошад. Аммо оқои Сангинов раҳбари ҷиноҳи ҳизби ҳоким дар Маҷлиси Намояндагон гуфт, ҲХДТ дар шароити кунунӣ зарурате барои таъсиси эътилофро намебинад ва музокироте бо ҲДТ низ дар ин замина надоштааст.
Вале Шамсиддин Саидов, вакили Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегуяд, тағйири сиёсат кардани ҲДТ дурнамои таъсиси эътилофи ояндаро ба суол рубару кардааст: "Ман фикр мекунам, кори онҳо ба ташкили эътилоф таъсир мерасонад, чунки онҳо ташкилкунандаи ҳамин кор буданд ва чаро имруз даст кашидаанд, барои ҳамин ин бисёр торик аст."
Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар ҳоле аз ширкат дар эътилофи аҳзоби сиёсӣ сарфи назар мекунад, ки Муҳаммадрузӣ Искандаров раиси он дар чанд рузи пеш гуфта буд, агар ҳеҷ ҳизбе, аз ҷумла ҲНИТ ҳам барои ширкат дар ин эътилоф омода набошад ҳам, бо Ҳизби Сотсиал-Демократ чунин эътилоферо таъсис хоҳад дод. Аммо акнун як мақоми ҲНИТ мегуяд, бисёр хуб аст, ки эътилофе бидуни ширкати ҲДТ таъсис мешавад. Дар ҳоли таҳияи ин гузориш хабар расид, ки субҳи рузи панҷшанбе, 28 апрел санаи имзои таъсиси эътилофи аҳзоби сиёсӣ муташаккил аз се ҳизб ҲНИТ, ҲСД ва ҲС таъйин шудааст.
XS
SM
MD
LG