Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири корӣ дар Русия ҳаммаънои экстремист?


Намояндагони иттиҳодияҳои иҷтимоии тоҷикони муқими Маскав дар дидор бо ҳайъати эъзомии парлумони Тоҷикистон хостори дифоъи муҳоҷирони корӣ аз ҳамлаи пулис ва скинхедҳои Русия шуданд. Ин мулоқот дар чаҳорчуби боздиди Комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия рузи чоршанбе дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав баргузор гашт.
Дар нишаст гуфта шуд, ахиран дар Русия истилоҳи муҳоҷири корӣ ба истилоҳи экстремист ҳаммаъно тавзеҳ мешавад. Оштинопазирии миллӣ ва мазҳабӣ ва ё оштинопазирии қафқозӣ дар Русия ахиран ҷойи худро ба оштинопазирии ба муҳоҷири корӣ додааст. Ин нуктаро намояндаи созмони ҳуқуқи «Инсон» Александр Раҳмонов эълом кард.
Аз намояндагони парлумони Тоҷикистон хоста шуд, дар Думаи давлатии Русия ва Думаи шаҳри Маскав мавзуъи бархурди пулис ба муҳоҷирон дар нишасти вижа баррасӣ гардад. Ҳамчунин ёдоварӣ шуд, дар шумори депутатҳо ҳам афроде ҳаст, ки низоъи миллиро ангеза медиҳанд ва ин иқдом дар навбати худ гуруҳҳои экстремистӣ, аз ҷумла скинхедҳоро бармеангезад, ки аксаран ба куштори муҳоҷирон поён меёбад.
Дар посух ба додхоҳии намояндагони муҳоҷирон, Юсуфҷон Аҳмадов, раиси ҳайъат ва ҳамраиси Комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия хабар дод, мавзуъи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик яке аз мавзуъҳои калидии мавриди баррасӣ дар ҷаласаи комиссия, рузи сешанбе, 26 апрел дар Думаи давлатии Русия буд. Ҳарду ҷониб хостори имзои зудӣ ба зудии шартномаи танзими муҳоҷирати корӣ шуданд. Аҳмадов ҳамчунин хабар дод, ки барои расидагии сареъ ба мушкилоти муҳоҷирон ибтидо аз ҳамин ҳафта дар Маскав намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба кор шуруъ мекунад.
Вай гуфт: "Хадамоти мигратсионии мо дар Маскав ба кор шуруъ мекунад ва аз шумо даъват мекунам, якҷоя шуда, мардуми моро муҳофизат кунед."
Лозим ба ёдоварист, ки дар Маскав шаш ва дар саросари Русия 24 иттиҳодияи иҷтимоии тоҷикон фаъол аст. Аксари онҳо бо мақомоти минтақаии Русия ҳамкорӣ роҳандозӣ карданд. Вале адами як маркази ҳамоҳангкунандаи фаъолияти иттиҳодияҳо имкони ҳалли масъалаҳои бузургтарро мушкил кардааст. Мавзуъи ташкили диаспора ва ё иттиҳодияи саросарии муҳоҷирони тоҷик дар суҳбатҳои намояндагони парлумони Тоҷикистон ва тоҷикони муқими Маскав аввалият дошт.
XS
SM
MD
LG