Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Ёқуб Салимов хостори авфи у шуданд


Наздикон, хешовандон ва ҷонибдорони Ёқуб Салимов бо 1627 имзо зери як номаи саркушод ба унвони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов хоҳиш кардаанд, ки Ёқуб Салимовро бахшояд ва уро аз ҳабс раҳо кунад.
Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилаи Тоҷикистон, ки беш аз ду моҳ мешвад, дар бозодоштгоҳи вазорати амнияти кишвар ба сар мебарад, дар кушиш барои табаддулоти давлатӣ ва хиёнат ба ватан гунаҳкор дониста шудааст.
Дар номаи наздикон ва ҷонибдорони Ёқуб Салимов гуфта шудааст, дар ҳоле, ки дар атрофи Салимов баҳсҳо идома дорад, наздиконаш наметавонанд, бетараф ва хомуш бошанд. Онҳо изҳори боварӣ кардаанд, ки гуруҳе аз афроди бетинат дар дохил ва дар хориҷи кишвар мехоҳанд, барои обруи сиёсии худ аз вазъи Ёқуб Салимов истифода намуда, бо такя ба усули тақсимбандӣ доду ситади сиёсӣ кунанд.
Дар мавриди ин нома дар шуъбаи мактубҳои дастгоҳи раёсати ҷумҳур гуфтанд, ки ҳануз бо ин мазмун номае ба онҳо нарасидааст.
Аммо додситони кулли Тоҷикистон, Бобоҷон Бобохонов, гуфт, тафтиши парвандаи Ёқуб Салимов ҳамчунон идома дорад ва у бо ҳамон айбҳое, ки дар ғайбаш эълон шуда буд, яъне хиёнат ба ватан ва табаддулоти давлатӣ гунаҳкор дониста мешавад. Оқои Бобохонов дар мавриди номаи наздикони Ёқуб Салимов изҳори бехабарӣ кард, аммо афзуд, агар дар масъалаи авфи у қароре содир шавад, ҳатман матбуотро дар ҷараён хоҳад гузошт.
Мирзонабии Холиқзод
XS
SM
MD
LG