Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғаффор Мирзоев гуфт, агар Евгений Ройзман дуруғҳояшро исбот кунад, подош мегирад


Генерал Ғаффор Мирзоев - раиси Оҷонси назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон - рузи 27 апрел бо ташкили як нишасти хабарӣ мусоҳибаи Евгений Ройзман, намояндаи мустақил дар парлумони Русияро бо нашрияи "Литературная газета" чопи Маскав, ки дар он тоҷикон ҳамчун аносири қочоқбар ва паҳнкунандаи асосии ҳероин дар Русия муаррифӣ мешаванд, муғризона ва беасос хонд.
Ғаффор Мирзоев гуфт, Евгений Ройзман дар мусоҳибааш афзоиши мазореъи кукнорро дар Афғонистон дар ду соли ахир 36 баробар гуфтааст, аммо дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба масоили Афғонистон дар Берлин, ки моҳи феврали соли равон доир шуд, зикр гардид, замини кишти кукнор ва хашхош коҳиш ёфтааст.
Ҷаноби Ройзман гуфтааст, тавлидоти ҳероин дар Тоҷикистон ба таври густурда ба роҳ монда мешавад.
Аммо оқои Мирзоев гуфт, у омода аст, ба Евгений Ройзман ба маблағи 20 ҳазор доллар подош бидиҳад ва бар изофа ҳама масрафоти мусофираташ ба Тоҷикистонро бипардозад, то вай ҷойгоҳи лабораторияи коркарди ҳероинро дар қаламрави ин кишвар дақиқ кунад.
Ғаффор Мирзоев - раиси Оҷонси назорат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир - ҳамчунин гуфт, ниҳоди зердасти вай бо ирсоли як номаи расмӣ ба Думаи давлатии Русия хостааст, то дар қиболи назариёти Евгений Ройзман мавқеи худро рушан кунад.
Абдуқайюми Қайюмзод
XS
SM
MD
LG