Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавишти муҳоҷирони тоҷик ба сарнавишти пойгоҳи низомии Русия вобаста аст


Шартномаи ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар заминаи танзими муҳоҷирати корӣ байни ду кишвар, ҳамзамон бо тасвиби шартномаҳои ҳамкории низомии Русия ва Тоҷикистон ба имзо хоҳад расид. Ин матлабро муовини департаменти вазорати умури хориҷаи Русия, Рашид Иброҳимов, дар тавзеҳ ба баҳси аъзои комиссияи байнипарлумонии Русияву Тоҷикистон дар мавзуъи муҳоҷират, рузи сешанбе, 27 апрел дар Думаи давлатии Русия эълом кард.
Вай иброз дошт: "Мо мутмаин ҳастем, ки шартномаи муҳоҷират ба имзо мерасад ва муҷиби тавсиаи ҳамкориҳои дуҷониба мегардад. Ва аммо барои ҳарду ҷониб имзои шартномаи пойгоҳи низомӣ аҳамияти бештар дорад, ки ба имзои се шартномаи дигар бастагӣ дорад. Имзои шартнома се сол аст, ба таъхир меафтад ва ояндааш ҳам равшан нест."
Ҳамонгуна, ки шартномаи муҳоҷират аз соли 2000 ба таъхир афтодааст, ҳамчунин имзои тарҳи пойгоҳи радиотелевизиони Айваҷ ва маркази байналмилаллии Чақалтой дар Помир низ ба таъхир афтодааст. Дар муқобил ба дидгоҳи вазорати умури хориҷаи Русия, намояндагони парлумони Тоҷикистон ба хориҷ кардани масъалаи муҳоҷират аз шумори масъалаҳои дигар исрор карданд, ба далели ин ки мавзуъи муҳоҷират ба сарнавишти ҳарсоативу ҳаррузии ҳазорон оворагон бастагӣ дорад, вале масоили низомӣ бархоста аз ҳадафҳои сиёсист.
Дар идомаи баҳс ҷонибҳо ба натиҷа расиданд, ки ба манзури тасвиби шартномаи муҳоҷират дар хитоб ба мақомоти Русия дар протоколи ҷаласа банде сабт шавад, ки шартномаи муҳоҷирати корӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар алоҳидагӣ ба тасвиб бирасад.
Мавзуъи муҳоҷирати корӣ яке аз ҳафт мавзуъе буд, ки комиссияи байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон дар Дума баррасӣ кард. Яке аз дигар мавзуъҳои доғ сарнавишти тоҷикони зиндонӣ дар Русия буд. Абдуло Холиқов, узви парлумони Тоҷикистон иброз дошт, дар Русия ҳудудан 3 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон зиндонӣ ҳастанд, вале ба далели адами қонунҳои марбута байни ду кишвар, истирдод ба зиндонҳои Тоҷикистон душвор шудааст. Вай гуфт, бино ба қонунҳои байналмилалӣ, зиндоние, ки дар кишвари бегона ними муҳлатро пушти сар кардааст, ҳаққи истирдод ба зиндони ватани худро дорад.
Мавзуъи дигаре, ки муҷиби баҳси доманадор шуд, камкифоятии ҳамкориҳои иқтисодии Русиву Тоҷикистон ва муборизаи муштарак бо маводи мухаддир буд. Алексей Руденко, муовини раиси департаменти СНГ дар вазорати иқтисод ва рушди Русия гардиши мол байни ду кишварро ночиз номид. Хулосаи баҳс ин шуд, ки Русияву Тоҷикистон барои тавсиаи ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба заминаҳои мусоид фароҳам сохтаанд, вале набудани информатсияи рушан ояндаи ҳамкориро тира кардааст. Комисиюни байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон ҷаласаи дуввуми худро бо имзои протоколи тавсиаи ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар ба анҷом расонид. Ҷонибҳо мутааҳид шуданд, ки ҷаласаи саввуми комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистону Русия моҳҳои октябр-ноябр дар шаҳри Душанбе, ҳамзамон бо баргузории Форуми бизнеси иқтисодии Русия дар Тоҷикистон барпо гардад.
Муҳаммадраҳими Сайдар
XS
SM
MD
LG