Пайвандҳои дастрасӣ

Неруи барқ дар Тоҷикистон арзон мешавад


Сар аз моҳи май қиммати неруи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ду баробар арзон хоҳад шуд. Аз ширкати "Барқи Тоҷик" ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтаанд, барои аз оғози моҳи май шаҳрвандон барои 250 киловатт соат неруи барқ, ба ҷои чаҳор сомонӣ 2 сомонӣ пардохт мекунанд. Оилаҳои камбизоат аз имтиёз низ бархурдор хоҳанд шуд. Ин реҷа то тирамоҳ идома хоҳад ёфт ва сипас боз тағйир меёбад. Тоҷикистон дар мавсими тобистон аз ниёзи дохилии кишвар бештар неруи барқ тавлид мекунад, вале зимистон ниёзманди неруи иловагии барқ мешавад ва онро аз кишварҳои ҳамсоя мехарад.
XS
SM
MD
LG