Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҳашт узви гуруҳи Раҳмон Сангинов марги ногузир таҳдид мекунад


Тоҳир Сафаров

Созмони Авфи Байналмилал бегоҳи душанбе, 26 апрел бо нашри як баёния аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кард, то ба қатли ҳашт узви гуруҳи фармондеҳи саркаш Раҳмон Сангинов роҳ надиҳад. Додгоҳи Тоҷикистон ин ҳафт нафар, Раҷабмурод Ҷумъаев, Умед Идиев, Акбар Раҷабов, Муҳарам Фатҳуллоев, Иброҳим Ҳусейнов, Тоҷиддини Бутаев, Аҳмадҷон Саидов, Садриддин Пировро моҳи феврали соли 2003-ум бо ҷароими тероризм, роҳзанӣ, куштор ва гаравгонгирӣ ба марг маҳкум карда буд.
Дар баёнияи Авфи Байналмилал омадааст, ба ин ҳафт нафар марги ногузир таҳдид мекунад ва чаҳор узви гуруҳ Раҷабмурод, Умед, Акбар ва Муҳарам 24 апрел ба макони қатл бурда шудаанд ва маълум нест, ки ҳукми онҳо иҷро шудааст ва ё не. Ин созмони ҳимоят аз ҳуқуқи башар меафзояд, хешовандони Раҷабмурод Ҷумъаев ва Иброҳим Ҳусейнов ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал шикоят бурдаанд, ки бо фарзандони онҳо дар додгоҳ бадрафторӣ кардаанд ва бо азобу шиканҷа эътирофи гуноҳи онҳо ҳосил шудааст. Пас аз ин Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал аз ҳукумати Тоҷикистон ду дафъа хостааст, то замони таҳқиқи ин қазия, иҷрои ҳукми он ду нафарро ба таъхир андозад. Дар маҷмуъ хешовандони тамомии ин ҳафт нафари узви гуруҳи мусаллаҳи Раҳмон Сангинов шикоят кардаанд, ки маъмурони интизомӣ фарзандони онҳоро ранҷу азоб медоданд. Раҳмон Сангинов яке аз фармондеҳони собиқ ва саркаши Неруҳои собиқи мухолифини тоҷик буд, ки соли 2001 таввасути сарбозони давлат кушта шуд. Сар аз соли 2001-ум инҷониб мегуяд Авфи Байналмилал Тоҷикистон панҷ нафарро бо вуҷуди он ки Созмони Милал ба таъхир андохтани иҷрои ҳукми онҳоро дархост карда буд, қатл кардааст.
Тоҳири Сафар
XS
SM
MD
LG