Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷиронро мебояд, аз ҳуқуқи хеш дифоъ кунанд


Бисту шашуми апрел дар шаҳри Душанбе миёни Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират як созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Фредерик Шене, раиси намояндагии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон, дар робита ба ин мавзуъ гуфт: "Албатта хуб аст, ки муҳоҷирони кории тоҷик барои кишварашон суди молии зиёде ворид месозанд ва низ оилаҳояшонро аз ҷиҳати моддӣ таъмин менамоянд,аммо аксарияти онҳо аз надонистани қавонини муҳоҷират ва ҳуқуқи худ ҳамчун муҳоҷири корӣ ба мушкилоти зиёд ру ба ру мешаванд ва қувваи кории онҳо ғайриқонунӣ истифода мегардад. Тайи се моҳ баъди бо пуштибонии молии САҲА таъсис додани маркази иттиллоотӣ беш аз 500 нафар шаҳрванди тоҷик ба ин марказ муроҷиат карда, маълумоти муҳимро дар ин замина дастрас намудаанд. Ман умед дорам, пас аз ба тасвиб расидани созишнома миёни САҲА ва Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират кор дар самти огоҳонидани ҳар чӣ бештари аҳолии ин кишвар суръати бештаре мегирад."
Маҳмадшо Илолов - вазири кор ва шуғли аҳолии Тоҷикистон - аз имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни САҲА ва Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират изҳори қаноъатмандӣ намуда, гуфт: "Бо мақсади пеш бурдани фаъолияти намояндагии вазорати мо ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул кард, ки ин намояндагиро тавсиа диҳад. Ба ҷои се нафар коргаре, ки мо он ҷо доштем, ҳоло мо 12 нафар коргар дорем. Барои ин намояндагӣ беш аз 1 миллион сомонӣ ҷудо шуд, то ки намояндагии мо дуруст кор карда тавонад. Чунки дар мамлакати бузурге чун Русия се нафар ҳеҷ кор карда наметавонад."
Музаффар Зарифов, сардори Маркази иттилоотии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегуяд, имзои ин созишнома имкони бештари кор бурдани созмони муҳоҷират бо муҳоҷиринро фароҳам мекунад: "Вазифае, ки дар назди мо истодааст, аслан ба аҳолии Тоҷикистон додани маълумот оид ба муҳоҷират, додани маслиҳатҳо тавассути нишасту семинарҳо дар пойтахт ва вилоятҳои кишвар мебошад.Тибқи созишномаи ҳамкории миёни мо ва САҲА мо тасмим гирифтаем, давраҳои кутоҳмудддати омузишӣ барои кормандони мақомоти ҳифз аз ҳуқуқи муҳоҷирин дар маҳалҳоро ба роҳ монем."
У афзуд, мутахассисонро аз кишварҳои дигар барои ҳамкорӣ дар баргузор намудани семинарҳои омузишӣ даъват хоҳем кард ва бояд бо васоити ахбори умум, аз ҷумла радио ва телевизионҳои маҳаллӣ ҳамкории бештар дошта бошем.
Сафаргул Олимӣ
XS
SM
MD
LG