Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми Харангон - зору ҳайрон


Боришоти мудавоми чанд рузи охир боиси ба такрор омадани сел ва кучиши хок дар деҳоти минтақаи Харангон шудааст. Фуромадани сел роҳи деҳоти минтақаи Харангонро баста ва дастрасии аҳолии минтақа ба маводи ниёзи аввалия ва беҳдоштро мушкил кардааст. Мақомоти марбута мегуянд, дар шароите, ки боришот ҳамчунон идома дорад, рафъи оқибати офати табиӣ ва поксозии роҳҳо мушкил шудааст.
Сокинони деҳоти минтақаи Харангон мегуянд, агар роҳи мошингард боз нашавад, мардуми деҳоти қисмати болои Харангон, ки ҳудуди 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ба мушкили бештаре мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Ёқуб Ҳайитов, як сокини деҳаи Буваки боло, ки манзилаш бар асари фуромадани сел осеб дида ва феълан бо 8 нафар узви хонаводааш дар хайма ба сар мебарад, мегуяд, интизор дорад, ҳарчӣ сареътар ба мушкилоти онҳо расидагӣ хоҳад шуд: "Хайма додагианд ба мо дар ҳамон зиндагӣ мекунем. Чор қишлоқ аст дар он тараф, роҳи мегаштагӣ нест, кор рафтан даркор. Агар касе бемор шуд, маҷбуранд бо хар ва ё ягон воситаи дигар бубаранд. Фарзандомон бояд ба мактаб раванд, аммо наметавонанд, намедонем чӣ кор кунем."
Аммо як сокини дигари ин минтақаро ба ҳангоми гузаронидани маводи аввалияи рузгор аз болои сел мебинем. У бо ишора ба техника ва тракторҳои хобрафта дар болои сел мегуяд, умеди онро надорад, ки ба зудӣ роҳи ин деҳот кушода шавад, зеро мақомот ба рафъи мушкилоти онҳо таваҷҷуҳ намекунанд: "Тракторҳо хобанд, гуфтанд аз вазорати ҳолатҳои фавқуллода ва аз ҳукумат якҷоя меоянд, дуруст мекунанд, вале ду ҳафта шуд ин гуфтугуҳо давом дорад, вале кор нест."
Дар ҳамин ҳол Мирзо Зиёев, вазири умури ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегуяд, агарчанд ахиран ҳукумат барои рафъи мушкили Харангон маблағе низ ихтисос додаааст, аммо номусоидии обу ҳаво ва боришоти пайдарпай имкони поксозии роҳро намедиҳад: "Мушкилот шудааст, он ҷо боз хок фуромадааст, боз хатари банд кардани дарё вуҷуд дорад. Агар мо ҳаракат кунем, ки тоза намоем, аммо боз хок мелағжад ва кори мо бефоида хоҳад буд. Барои мо 8 ҳазор сомонӣ ҷудо карданд, аммо кор кардан ғайриимкон аст дар он ҷо.
Вале Ёқуб Ҳайитов умедвор аст, ки бо сар задани мушкили мазкур, ки мақомотро дар пешоруи воқеъият қарор додаааст, ҳукумати маҳаллӣ ба мушкилоти онҳо расидагӣ хоҳад кард ва билохира ба онҳо дар ҷои бехатаре замин барои сохтмони хона дод мешавад. Дар ҳоле, ки мақомот аз кучонидани ин 9 хонавода ба ҷойи амн дар як моҳи пеш ҳангоми бори аввал сар задани ҳодиса дар минтақа хабар дода буданд.
Ёқуб Ҳайитов мегуяд: "Ҳамин ҳозир баҳор аст, мақомот як илоҷ карда бо мо замин диҳанд, дар ҷои бехатар, то мо тавонем бо хишти лойӣ аст ва ё чизи дигар хона созем."
Бояд гуфт, бар асари боришоти чанд рузи охир бисёр манотиқи дигари атрофи Душанбе, ба шумули киштзорҳо ва манозили маскунӣ, аз ҷумла дар маҳаллаҳои куҳдомани пойтахт низ зарар дидаанд. Ба гуфтаи мақомоти масъул, тибқи маълумотҳои аввалия, ҳаҷми хисороти ношӣ аз офатҳои чанд рузи ахир дар навоҳии Душанбе ва атрофи он болиғ бар ним миллион долларро ташкил додааст.
Аммо дар айни ҳол гуфта мешавад, ки идораҳои марбута таҷҳизот ва воситаҳои заруриро ҷиҳати рафъи авоқиби офатҳои табиӣ дар ихтиёр надоранд.
XS
SM
MD
LG