Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумакҳои 20 кишвар ба Тоҷикистон


Кумитаи омори давлатии Тоҷикистон хабар дод, дар семоҳаи гузаштаи соли равон беш аз 20 кишвар ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 20 миллион доллар кумаки башардустона расонидаанд. Аз кумитаи мазкур ба хабаргузории "Итар Тасс" гуфтаанд, тайи се моҳ ба Тоҷикистон ҳудуди 30 ҳазор тонна маводи имдодӣ ворид шудааст. Ин кумакҳо аз 24 ҳазор тонна орд, ҳазору ҳафтсад тонна равғани растанӣ, либос ва доруворӣ иборатанд. Барои рафъи оқибатҳои табиӣ низ маводи сухт ва воситаҳои нақлиёт оварда шудааст. Дар миёни кишварҳои асосии кумаккунанда, кумитаи омор Амрикову Русияро ном бурдааст.
XS
SM
MD
LG