Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти вакилони Маҷлиси Намояндагон ва Думаи Давлатии Руссия


Масоили дардноки муҳоҷирати корӣ, ҳимоят аз ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, имруз 26 апрел ҳангоми мулоқоти ҳайъати парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Думаи давлатии Русия баррасӣ мешавад. Бино ба иттилои хабаргузории Итар Тасс дар нишасти ҳайъати комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистону Русия ҳамчунин таҳкими заминаҳои қонунӣ барои ҳамкориҳои байни ду кишвар мавриди баҳсу гуфтугу қарор мегирад. Гуфта мешавад, комиссия ният дорад, гуруҳи кории доимиро барои назорат бар ҷараёни иҷрои созишномаҳои байни Тоҷикистону Русия таъсис диҳад. Ҳайъати вакилони мардумии Тоҷикистон дар ҷараёни сафар дар Маскав ҳамчунин бо як идда аз раҳбарони вазорату идораҳои Русия мулоқот мекунад.
XS
SM
MD
LG