Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боришоти паёпай дар Тоҷикистон харобӣ овард


Вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон хисороти ворида бар асари селобаҳои ду рузи ахир танҳо дар шаҳри Душанберо наздик ба як миллион доллар меҳисобад. Абдураҳим Раҷабов, муовини аввали вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, роҷеъ ба оқибатҳои боришоти пайҳами ахир дар пойтахт ва атрофи он ба Радиои Озодӣ иттилоъ дода гуфт, сокинони манотиқи куҳдомани шаҳр зиёни бештар диданд. Аксари онҳо аз хонаҳои зисти худ маҳрум шудаанд ва имкони барқарории дубораи манзилҳо вуҷуд надорад. Ба гуфтаи у, фақат дар ноҳияи Роҳи Оҳани собиқ 83 хона зарари ҷиддӣ дидааст. Панҷсаду бистуҳафт нафар дар ин ноҳия зарар дидаанд. Дар ноҳияи Сомонӣ низ қариб 300 нафар зарар дидааст.
Дар ҳоли ҳозир як комиссияи ҳукуматӣ таҳти раёсати муовини нахуствазири кишвар Зокир Вазиров паёмади боришот ва зарари воридаро баррасӣ доранд. Бар асоси хабари вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, бар асари селоб як куҳпора дар наздикии минтақаи Харангон 24- километрии шимоли пойтахт лағжида ҳаракати нақлиёт байни Душанбе ва Харангонро қатъ кардааст. Мардуми ин минтақа аслан зиндагии худро аз ҳисоби тиҷорат дар бозору дуконҳои Душанбе таъмин мекунанд. Ду руз мешавад, мардуми ин минтақа наметавонанд, ба шаҳр равуо кунанд. Дар ҳамин ҳол боришоти зиёд оби канали Ҳисор ва дарёи Ширкентро низ боло бурдааст ва эҳтимоли кандани соҳилҳо зиёд аст.
XS
SM
MD
LG