Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти марзбони рус ҳангоми қочоқи ҳероин


Кормандони вазорати дохилаи Тоҷикистон зимни анҷоми як амалиёт дар посгоҳи ноҳияи Ҳисор аз пинҳонгоҳи мошини афсари неруҳои марзбонии Русия мустақар дар Тоҷикистон Артём Ковалёви 25- сола ҳудуди 8 кило ҳероин кашфу мусодира шудааст. Абдуфаттоҳ Атоев, сардори раёсати мубориза бо маводи мухаддир вазорати умури дохила, мегуяд, ин амалиёт рузи ҷумъа, 23 апрел сурат гирифт.
Оқои Атоев афзуд, афсари неруҳои марзбонии Русия ин миқдор ҳероинро бо ваъдаи тақсими фоида пас аз фуруши ҳероин дар Маскав аз як шаҳрванди Тоҷикистон Илҳомиддин Бердиев гирифтааст. Ҳангоми тафтиши манзили Илҳомиддин Бердиев 1 килои дигар ҳероин кашф шудааст.
Тибқи иттиллои вазорати умури дохила дар соли равон ин бори нахуст аст, ки афсари марзбони Русия мустақар дар Тоҷикистон бо маводи мухаддир ва бо миқдори зиёд боздошт шудааст.
Дар қиболим Артёим Ковалёв ва Илҳомиддин Бердиев парвандаи ҷиноӣ боз шуда, феълан онҳо дар боздоштгоҳи пешакии вазорати умури дохила нигоҳдорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG