Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таълими афсарони ИМА ба сарбозони тоҷик


Як ҳайъати 5 нафараи афсарони артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои анҷоми як барномаи омузишӣ барои сарбозон ва мутахассисони вазорати дифоъи Тоҷикистон, ҳолатҳои фавқулодда, неруҳои марзбонӣ ва горди миллии Тоҷикистон ба Душанбе омад. Роҷеъ ба ин намояндаи дафтари матбуоти сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Алмос Сайфутдинов ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар ҷараёни ин барнома масоили марбут ба таъмини артиш дар ақибгоҳ мавриди баҳси сарбозон қарор дода мешавад. Аз ҷумла, масъалаи таъмини сарбозон бо сузишворӣ ва бо анвоъи равғани молиданӣ, таъмин намудани техникаи ҷангӣ ва тартиб додани ҷадвал барои омузиши сарбозон ҳамчунин масъалаи тарзи ҳифзи силоҳу ҷангафзор ва озуқа аз тарафи афсарони артиши Амрико ба намояндагони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон омузиш дода мешавад."
Ба иттиллои дафтари матбуоти сафорати Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико дар Тоҷикистон, ин иқдоми афсарони артиши ИМА бар асоси барномаи ҳамкории байни Амрикову Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Дар сухбати телефонӣ вазири дифоъи Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев аз баргузории чунин барнома истиқбол намуд. Бар асоси барномаи ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар бахши низомӣ, аз соли 2002 ба ин тараф ин чаҳорумин сафари афсарони Амрико ҷиҳати омузиш додани сарбозони артиши Тоҷикистон ба ин кишвар мебошад.
Мирзонабии Холиқзод
XS
SM
MD
LG