Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруҳи қочоқбари инсон ба зиндон маҳкум шуд


Маъсум Имомов

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рузи ҷумъа, 23 апрел, барои аввалин маротиба як гуруҳи қочоқбарони инсонро, ки дар ҷалб ва интиқоли ҷавонзанони Суғд ба шаҳри Дубайи Аморати Муттахидаи Араб барои танфурушӣ даст доштаанд, маҳкум ба зиндон кард. Бо ҳукми додгоҳ, Анвар Раҳматов - сарвари ин гуруҳ - тибқи се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон бо ҷароими ҷалби одамон барои истисмор бо роҳи фиреб ва сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба муҳлати се солу шаш моҳ ва се ҷавонзани суғдӣ, Гавҳарой Фатҳуллоева, Мунира Очилова ва Муаттара Мирзобобоева бо гуноҳи таҳияи шиносномаҳои сохта ба муҳлатҳои 1 солӣ ба ҳабс маҳкум шуданд.
Мирзошароф Ҳоҷибоев - қозии додгоҳи Хуҷанд пас аз анҷоми мурофиа дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як узви ин гуруҳи қочоқбари инсон, Қобилҷон Қодиров, сарвари собиқи шуъбаи шиносномадиҳии ҷамоати Қистакузи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар таҳияи шиносномаҳои қалбакӣ муттаҳам мешавад, дертар боздошт гардида, нисбати вай парвандаи ҷиноии алоҳида боз шудааст.
Оқои Ҳоҷибоев афзуд, ин гуруҳи ҷиноии муташаккил таҳти сарварии сокини 48 - солаи Хуҷанд, Анвар Раҳматов, тайи солҳои ахир ба хотири ба даст овардани маблағ бо роҳҳои фиреб ва зурӣ бархе аз ҷавонзанони Суғдро барои фоҳишагӣ ва танфурушӣ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол медод.
Давлати Тоҷикистон барои сафар кардани ҷавонзанони тоҷики то сӣ сола ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб иҷоза намедиҳад ва гуруҳҳои қочоқбар ба ҷавонзанон шиносномаҳои қалбакӣ, ки дар он синну сол ва ному насабашон иваз карда шудаанд, дастрас мекард.
Ба гуфтаи оқои Ҳоҷибоев, дар қочоқи ҷавонзанони Суғд ба Аморати Муттаҳидаи Араб бо Анвар Раҳматов ҳамсари собиқи вай Қумрӣ Раҳматова, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Дубай ба сар мебарад, ҳамдастӣ доштааст: «Нисбати Раҳматова Қумрӣ додгоҳи шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Вай барои ҷавонзанон барои роҳӣ кардан ба шаҳри Дубай шиносномаҳои сохтаи тоҷикӣ ва аз руи онҳо шиносномаҳои хориҷӣ мегирифт.Ба шаҳодати шоҳидон, дар Аморати Муттаҳидаи Араб низ занони тоҷикро аз тариқи фиребу зурӣ ба танфурушӣ маҷбур мекардааст.»
Вале Абдуҷаббор Ҷабборов - вакили мудофеъи маҳкумшудагон ҳукми додгоҳи Хуҷандро нисбати ҳимоятшавандагонаш ғайриқонунӣ хонд ва гуфт, аз ҳукми додгоҳи шаҳр ба додгоҳи вилояти Суғд шикоят хоҳад бурд. Ба гуфтаи оқои Ҷабборов, тафтишоти ибтидоии парвандаи ҷиноии гуруҳи қочоқбарони инсон якҷониба сурат гирифта, дар пайи он аз суи додгоҳ на қочоқгарон, балки ҷавонзаноне, ки қурбониёни эҳтимолии траффик ва ё қочоқ ба мақсади танфурушӣ маҳсуб мешаванд, маҳкум ба зиндон шудаанд.
Маъсум Имомов
XS
SM
MD
LG