Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи Тоҷикистон дар баробари низоъи Исроилу Фаластин


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов, рузи 22 апрел фиристодаи хоси Ёсир Арафот, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Аҳмад Салом Муҷдалониро ба ҳузур пазируфт ва мавзуи суҳбати аслии онҳо қазияи Фаластин буд. Аҳмад Салом Муҷдалонӣ паёми Ёсир Арафотро ба президент Эмомалӣ Раҳмонов таслим кард.
Гуфта мешавад, давлати Ёсир Арафот қасд дорад, аз мавқеи кишварҳои минтақа ва узви конфронси исломӣ роҷеъ ба қазияи Фаластин огоҳ шавад.
Оқои Муҷдалонӣ гуфт: "Мо аз кишварҳои минтақа умед дорем, ки пуштибонии худро аз мавқеи ҳукумати Фаластин идома диҳанд. Ахиран ба додгоҳи байналмилалӣ муроҷиат намудем ва умедвор ҳастем, ки қарори додгоҳи байналмилалӣ нисбати ҳуқуқи мардуми Фаластин содир хоҳад шуд."
Оқои Муҷдалонӣ афзуд, ҳукумати Фаластин мухолифи сохтмони деворе мебошад, ки Исроил дар Канораи Ғарб бунёд мекунад. У ҳамчунин гуфт, Фаластин хостори азсаргирии музокироти сулҳ дар Ховари Миёна аст.
Эмомалӣ Раҳмонов изҳори умедворӣ намудааст, ки бо мусоидати амалии ҷомеаи ҷаҳонӣ як роҳи ҳалли мусбати ин қазия ба даст хоҳад омад. Сухангуи президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарипов дар робита ба ин гуфт: "Мо изҳор дошт, президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ҳамеша ба мардуми Фаластин, ки барои барпо кардани давлати мустақили худ муборизаи одилона мебарад, бо назари таваҷҷуҳ менигарем. Умедворем, ки дар натиҷаи кушишҳои пайвастаи ҷонибҳо ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз тариқи музокирот роҳи мақбули ҳалли ин қазия дарёфт хоҳад шуд."
Дар назар аст, фиристодаи Ёсир Арафот аз кишварҳои дигари минтақа дидан кунад.
Мирзонабии Холиқзод
XS
SM
MD
LG