Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонӣ шудани узви раёсати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон


Хабаргузории "Интерфакс" навишт, ки додгоҳи шаҳри Душанбе узви раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Мавлавӣ Қосим Раҳимовро бо ҷурми таҷовуз ба номуси як духтари 12-сола ба 9 соли зиндон маҳкум кардааст. Ба навиштаи хабаргузорӣ, парвандаи Мавлавӣ Қосим Раҳимов дар ҳамроҳӣ бо парвандаи як гуруҳи 11-нафарие баррасӣ мешуд, ки 6 нафари онҳо кормандони мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳастанд.
Соири аъзои ин гуруҳ бо ҷароими таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғ ва суистифода аз мансаб ҳар кадом аз 9 моҳ то 5 сол ҳукми зиндон гирифтаанд.
Қосим Раҳимов дуввумин раҳбари баландпояи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аст, ки ҳукми зиндон мегирад. Муовини раиси ин ҳизб Шамсуддин Шамсуддиновро чанде пештар бо ҷурми куштор ва бо иттиҳоми таъсиси созмони террористӣ ба 16 соли зинлон маҳкум шуда буд.
Аммо сухангуи ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода 21 апрел ба хабаргузории "Авасто" гуфтааст, раиси ҳизб Сайид Абдуллои Нурӣ аз ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе розӣ нест ва муҳокимаву зиндонӣ кардани узви баландпояи ҳизбашро ҳомили заминаҳои сиёсӣ ва кушиш барои паст задани эътибори ин созмон дар ҷомеа медонад.
Сайид Абдуллои Нурӣ, ба гуфтаи сухангуяш, барои баррасии ин масъала дар садади рафтан ба дидори раиси Комиссияи давлатии ҳуқуқи инсон, муовини сарвазир Саидамир Зуҳуров ва президент Эмомалӣ Раҳмонов аст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG