Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қишри камбизоат - қишри ноумедтарини ҷомеаи Тоҷикистон


Ҳудуди 80 дарсади сокинони Тоҷикистон аз ҷумла муаллимон дар сатҳи пасттарини фақр зиндагӣ мекунанд. Лариса Николаева -дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон ахиран бо гузаронидани таҳқиқоти иҷтимоие ҳамроҳ бо созмонҳои ҷамъиятии ҷомеаи феълии Тоҷикистонро ба 5 табақа тақсим кардааст. Китоби дар ин мавзуъ навиштаи Лариса Николаева ахиран дар Ирон нашр гардид. Лариса Николаева мегуяд, барои нахустин бор аст, ки дар Тоҷикистон чунин як таҳқиқи сартосарие гузаронида мешавад. Боиси нигаронии шадид он аст, ки ҳудуди 80 дарсади аҳолӣ ба табақаи панҷум дохил шудааст, аз ҷумла қисмати бештари зиёиён аз фақиртарин мардуми кишвар гардидаанд.
Лариса Николаева мегуяд:«Ин ҳолат дар ҷомеа ноустувории иҷтимоиро ба вуҷуд меорад. Ин ҳолат ба одамон имкон намедиҳад, ки худро ҳамчун як фарди лозимӣ ба ҷомеа нишон диҳанд, ҳунари худро ба манфиати ҷомеа кор фармоянд. Бо чунин табақабандӣ Тоҷикистон наметавонад, дар роҳи рушди иҷтимоӣ пешравие ба даст орад.»
Лариса Николаева, ки мавзуъи илмияш вазъи ҷомеаи имрузи Тоҷикистон аст, мегуяд, ҳангоми гузаронидани ин таҳқиқ даромад ва сатҳи имконоту қудратнокии онҳо ба назар гирифта шудааст. Ба табақаи болотарин, элитаи Тоҷикистон ҳамагӣ 3, 5 дарсади аҳолии кишвар дохил гардидааст: «Инҳо одамони беҳад соҳибмулк ва ғанӣ мебошанд. Ман фикр мекунам, номи ин одамон ба ҳама маълум аст. Молу мулки ин одамон на ҳамеша бо роҳи машруъ ва пок ба даст омадааст. Онҳо ё дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ғанӣ гардидаанд, ё дар ҳамин вақт он маблағеро, ки замони Шуравӣ ҷамъ кардаанд, қонунӣ гардониданд. Ё ба ин гуруҳи элита мансабдорони калоне дохил шудаанд, ки бо истифода аз мансаби худ дар чанд соли охир ба мулкдорони бузург табдил ёфтанд. Ғанигардии онҳо асосан аз ҳисоби содир кардани пахта, алюминий ва ё ба ҷумҳурӣ ворид кардани гандум ва маводи сухт сурат гирифтааст.»
Тибқи ҷадвал ва ё феҳрасти Лариса Николаева табақаи дуюм калонтар буда, ҳудуди даҳ дарсади мардуми Тоҷикистонро дар бар гирифтааст. Лариса Николаева мегуяд, ин мардумеанд, ки фаъолияташон бояд зери назорати қавӣ сурат бигирад, то аз чаҳорчубаи қонун берун набарояд. Зеро агар маоши мегирифтаи ин мардум ва тарзи зиндагии онҳо ба мизони қиёс гузошта шавад, суолҳои зиёде пеш хоҳад омад: «Имруз мардум аз намоиши боигарии худ на шарм ва на бим дорад. Бубинед, дар мо чӣ хел қасру кушкҳо ба мисли замбуруғҳои баҳорӣ руидаанд, ки аксаран якчандтояш ба як нафар тааллуқ дорад. Бубинед, ки теъдоди мошинҳои зебову гаронбаҳои хориҷӣ чӣ хел афзоиш ёфтааст ва онҳо низ бо пули ин ду табақаи элитаи ҷумҳурӣ харида шудааст. Гуфтанист, ки ин мардум бо ҳар ҳаракати худ, бо ҳар сухани худ нишон медиҳад, ки имруз рузи онҳост.»
Буржуазияи мо на дар фанновариҳои муосир ва на дар саноат ғанӣ гашта истодааст. Сармояи ҷамъовардаи онҳо ё асос ва собиқаи ҷиноӣ дорад, ки бо роҳҳои номашруъ ҷамъ гардидааст, ё аз тиҷорати аз ин ҷо хару дар он ҷо фуруш ба даст омадааст. Бар чунин андеша аст Лариса Николаева.
Вале гуруҳи сеюмро одамоне ташкил додаанд, ки асосан дар созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ширкатҳои шахсӣ кор мекунанд ва ё ин ки ба тиҷорати хурд ё мардикорӣ дар Русия машғуланд.
Аммо оғози ҳамаи ин ба табақот ҷудошавиҳоро Лариса Николаева дар пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ дидааст. Ҷанги шаҳрвандӣ нақши муассир ва манфии худро гузошта суръати ин равандро ба маротиб тезонид. Дар ин ҷанг агар як нафар чизе ба даст оварда бошад, ҳазорҳои дигар ҳам молу ҳам ҷони худро аз даст доданд.
XS
SM
MD
LG